Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“ФАРМОНБИБӢ”-И ЧОРШАНБЕ

Хосият Ҳақмуродоваро дар маҳаллаи Чоршанбе бо эҳтиром «Фармонбибӣ» гоҳо “Анзуратая” ном мебаранд.

Ӯ аз ҷумлаи занонест, ки бо меҳнати ҳалол, интизом ва садоқат ба касб миёни мардум обрӯву эътибор пайдо кардааст.
Хосият Ҳақмуродова 9-уми июни соли 1951 ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1973 оғоз ёфта, то ба синни нафақа расидан идома дошт. Дар тӯли солҳои зиёд Хосият Ҳақмуродова ҳамчун сарҳисобчӣ фаъолият бурда, бо дониши амиқи иқтисодӣ, дақиқкорӣ ва масъулияти баланд фарқ мекард. Барои хизмати содиқонааш дар соҳаи иқтисод бо нишони ифтихории «Иқтисоддони фаъол» сарфароз гардидааст.
Дар баробари фаъолияти касбӣ, ӯ дар ҳаёти оилавӣ низ намунаи ибрат мебошад. Хосият Ҳақмуродова ҳамроҳи ҳамсараш Даврон Розиқов (Равшонаш шод бод!) чор фарзанд тарбия намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба калонсолон, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ ба камол расондааст. Ҳоло Ситора омӯзгори мактаби миёнаи рақами 21-и ноҳия, Санъат ходими банк, Қобил ҳунарманд ва Сайёра дӯзандаи бомаҳорат аст. Келинҳои хонадон Мадина Ҳасанова ва Нигина Абдуллоева ҳарду дар соҳаи ҳисобу китоб кор мекунанд. Хосият Ҳақмуродова соҳиби 16 нафар набера ва 9 нафар абера мебошад.
Имрӯз низ Фармонбибӣ аз корҳои ҷамъиятӣ канор нест. Ӯ ҳамчун фаъоли маҳаллаи Чоршанбе дар асоси усули «як нуронӣ — даҳ ҷавон» фаъолият бурда, ба тарбия, роҳнамоӣ ва корбарии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад. Маслиҳатҳои оқилона ва таҷрибаи ғании ӯ барои ҷавонон роҳнамо ва барои ҷомеа судманд аст. Барои ҳамхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо корҳои тарғиботӣ мебарад. Барои мустаҳкамии оилаҳо саҳми арзана мегузорад.
Заноне мисли Фармонбибӣ сутуни маънавии маҳалла ба ҳисоб мераванд. Ҳурмату эътибори мардумӣ, фаъолияти пурсамар ва таҷрибаи бойи зиндагии ӯ далели он аст, ки меҳнати содиқона ҳеҷ гоҳ қадр намешавад.

Сарвинисо НАРЗУЛЛАЕВА.


Дата добавления: 24/12/2025 13:45;   Просмотров: 11
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку