Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Маҳалла - пояи давлат ва омили рушди ҷомеа

Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мафҳуми «маҳалла» танҳо як воҳиди ҳудудӣ набуда, ба як ниҳоди калидии иҷтимоӣ, мактаби тарбия ва такягоҳи ислоҳот табдил ёфтааст.


 Ин ҳақиқат дар Муроҷиатномаи навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис бори дигар бо равшанӣ ва қатъият таъкид гардид.
- Ниёгони донишмандамон барои мо мақоли пурҳикмати «Ба аҳл, кор саҳл»-ро вогузоштаанд, - таъкид намуд Шавкат Мирзиёев. - Воқеан, нигоҳ кунед, дар ҳаёт муттаҳидшудагон комёб шудаанд, ғалаба кардаанд. Онҳое, ки ба ваҳдат наомадаанд, пароканда будаанд, маҳв гардидаанд.
Дар тӯли таърих мо ба чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ наоем, пеш аз ҳама, аз тифоқӣ нирӯву қувват гирифтем. Дар рӯзҳои пурмашаққат мардуми мо, аҳли маҳалла ба ҳам омада душвориҳоро паси сар кардаанд. Ба оила, ҳамсоя ба ҳамсоя кӯмак расонидаанд.
Мо бояд ба чунин ҳуввиятҳои бағоят нодири худ ҳамеша содиқ бошем, ҷавононамонро айнан дар ҳамин рӯҳия тарбият диҳем.
Ҳоли ҳозир дар ҷамъият вуҷуд доштани фикру ақидаҳои мухталиф табиист. Ин талабу тақозои асосии демократия аст. Вале қатъи назар аз миллат, забон ва дин ғояи бузурге ҳаст, ки он тамоми мардуми моро муттаҳид мекунад. Ин манфиати Ватан, манфиати халқамон аст.
Барои ба чунин мақсади бузург расидан мавқеъ ва таъсири низоми маҳалла беқиёс мебошад. Зеро агар маҳалла осудаву аҳл бошад, ҷамъият низ орому осуда ва ҳамҷиҳат мегардад. Маҳалла инкишоф ёбад, тамоми мамлакат инкишоф хоҳад ёфт.
Соли оянда бори аввал барои рушди инфрасохтори маҳалла ба миқдори 20 триллион сум барои худи вилоятҳо медиҳем. Аз ҳама муҳимаш, ҳар як суми ин маблағҳо барои аҳолиамон нархи иловагӣ бояд фароҳам орад. Аз ин боис, ин маблағҳо барои кадом як ноҳия не, балки фароҳам овардани ҷойҳои кор дар маҳаллаҳо, лоиҳаҳои дақиқе, ки ба аҳолӣ даромад меорад, равона мегардад.
Раиси ҳар як маҳалла, ёрдамчии ҳоким ва банкири маҳалла лоиҳае таҳия намуда, онро асоснок карда тавонад, метавонад маблағи ногузирро ба даст орад. Дар ин сурат аз рӯйи адолат мегардад.
Ин дар корбурди босамари маблағи буҷет бархӯрди лоиҳавӣ мегардад.
Хулоса, агар маҳалла обод бошад - ҷомеа устувор аст, агар ҷомеа устувор бошад -давлат қавӣ мегардад. Ин аст моҳияти сиёсати нав ва рӯҳияи Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Абдуҷаббор УМАРОВ,

раиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои ноҳияи Самарқанд.


Дата добавления: 30/12/2025 20:19;   Просмотров: 51
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку