Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Гулобод тонги Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

УСТОД НОРМУРОД КАРИМЗОДА 75-СОЛА ШУДАНД

Шодбош


Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, дорандаи ордену медалҳои эътирофи давлатӣ, академики пайвастаи илмҳои Тӯрон, сармуҳаррири маҷаллаи байналхалқии “Тӯрони бузург” (“Буюк Турон”), шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода 75-сола шуданд. Барои ба салоҳияти нуфузи махсус аз ҷумлаи ҳаҷми бузургу ранга соҳиб гардидани рӯзномаи “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) устод ранҷи зиёде кашидаанд. Даҳҳо китобҳои шеъру ғазал ва мухаммасу достонҳои худро устод дар идораи рӯзномаи мо, ки ҳанӯз ҳам барояшон азиз аст, эҷод кардаанд.
Устод Нормурод Каримзодаро бо синни муборак самимона табрик гуфта, чанд шеъри тозаи эшонро пешкаши хонандагон мегардонем.
ТАҲРИРИЯТ.

ДӮСТӢ МЕПАРВАРАМ
Равшанобод аст дунё бо амалҳои накӯ,
Анбарафшон мешавад дар боғ гул бо рангу бӯ.
Васфи ин ҳуснофаринҳо менамоям кӯ ба кӯ,
Шавқу рағбат мебарад моро ба базми гуфтугӯ.

Аз хаёлам дур намегардад хурӯши чашмасор,
Навҳаҳои андалебу рақсҳои лолазор.
Гиряҳои абру раъду тундари фасли баҳор,
Қуллаҳои нуқрафому сабзаҳои беғубор.

Офтоб равшан намояд торикистони ҷаҳон,
Моҳтоб созад шабистонро мунаввар бегумон.
Осмонро зеб бахшад кавкаби Ҳафт додарон,
Дар само баҳри тамошо медамад рангинкамон.

Дӯстӣ мепарварам бо Равшани боэҳтиром,
Ӯ бувад инсони хушгӯ, мӯътабар бар хосу ом.
Сӯҳбаташ ширин, гуворо, ҷолиб аз шеъру калом,
Хоҳам аз парвардигор умри дарозу бардавом.

Бо “Нуронӣ” Ӯзбекистон нурфишонӣ мекунад,
Фахриёнро аз таҳи дил меҳрубонӣ мекунад.
Бе куҳансолон ҳаёт аз бахти комил холӣ аст,
Пир агар хушбахт бошад, шодмонӣ мекунад.

Бе нуронӣ давраҳоро файзу нузҳат нест, нест,
Хонадонро шону шавкат, нури ҳикмат нест, нест.
Навҷавононро дуогӯ то қиёмат нест, нест,
Ифтихори ҷамъият, нерӯи миллат нест, нест.

Мерасад бар синни ҳаштод анқариб дилбанди мо,
Дар вафову меҳру ҳиммат бебаҳо пайванди мо.
Ӯ чу фарзанди Самарқанд одами судманди мо,
Мухтасар, дардошно, донои бемонанди мо.

ЧӢ ШАВАД?
Як рӯз ба ман некӣ намоӣ, чӣ шавад?
Бар хоҳиши дил роҳ кушоӣ, чӣ шавад?
Аз хориву зориям чӣ нафъест, бигӯ,
Сӯзам зи гудози дилрабоӣ, чӣ шавад?
Дар зулмати ранҷтобу таб танҳоям,
Рӯй тобӣ зи аҳди бевафоӣ, чӣ шавад?
Хоҳам, ки занам бонги висолат ба ҷаҳон,
Дарёбӣ илоҷи ошноӣ, чӣ шавад?
Худхоҳӣ хатоест, ки дар сирати туст,
Барҳам диҳӣ оини ҷудоӣ, чӣ шавад?
Бо ишқи ту зиндаам дар ин даҳри куҳан,
Бикшоӣ гиреҳи норасоӣ, чӣ шавад?
Дар доми хумори ҷонситонат бошам,
Ёбам раҳи судманди раҳоӣ, чӣ шавад?
Ай ҷони ширин, бахти туро хоҳонам,
Бар кӯи муроди ман биёӣ, чӣ шавад?

ЧАРО?
Раҳпоӣ дар шаби ялдои маҳтобӣ чаро?
Худнамоӣ дар ҳавои сарди бехобӣ чаро?
Аз дарахти бесамар ҳосил умедворӣ чӣ суд?
Дар талоши бахти фардо шавқи дилёбӣ чаро?
Худситоӣ бозтоби хулқу хӯи носазост,
Баҳрабардорӣ за пайту поси бетобӣ чаро?
Дилнавозӣ месазад бо ишқи меҳри оташин,
Дилфигорӣ аз паи ғавғои пулёбӣ чаро?
Ҳамтаборӣ бо гурӯҳи зишткорон норавост,
Вақти сарсабзии кишту боғ беобӣ чаро?
Зумрае бо роҳи бад шӯҳратгадоӣ мекунанд,
Дар паноҳи фикри ботил нутқи меҳробӣ чаро?
Бар ҷавоби ин чарову он чаро кӯшиш хуб аст,
Умри худро сарф кардан ҳамчу мурғоби чаро?

ШЕЪРЕ БИГӮ
Шеъре бигӯ, ки халқро бар ҷӯш оварад,
То марзҳои сӯхта гардад макони сабз.
Дар мағз-мағзи гӯшу ҳуш маъвогузин шавад,
То бенасиб намонад аз изтироб набз.

Шеъре бигӯ, ки ҷон кашад бори ишқи ёр,
Дар умқи сина оташи сӯзу соз занад.
То во кунад гиреҳҳои дарди бешумор,
Бар дӯш бори нешу нӯши рӯзгор кашад.

Шеъре бигӯ, ки дил барад ҳаловат аз сухан,
То ҳар нафас фурӯ равад ба умри безавол.
То боғи бахт гулфишон бод дар ватан,
То насли навҷавон ниҳад рӯй бар камол.

Шеъре бигӯ, ки олам аз сеҳраш гирад сафо,
То хастаҷон хезад ба по дар саҳнаи ҳаёт.
Омӯзад илми зиндагӣ дар даҳри бевафо,
Бахшад ба ҳар ҷавону пир ганҷинаи нишот.
Шеър бигӯ...

АКСИ САДО
Аз ғами дунёи нотинҷ ин дилам садпора шуд,
Дар сари ҳалли гиреҳҳо оҷизу бечора шуд.
Хурду пир дар корзорон ғарқи дарёи хун аст,
Ёки дар вайронаҳои мулки худ овора шуд.
Зумрае дар ҷустуҷӯи сарпаноҳ сарсон бувад,
Зумрае аз дасти тӯпу тиру теғ бекора шуд.
Халқи беайбу гуноҳ маҳрум зи айши зиндагӣ,
Ин Замин гӯё ки раҳмовартарин сайёра шуд.
Субҳу шом ояд ба гӯш ахбори нохуш беҳисоб,
Во аҷаб, кунҷу канори ин ҷаҳон ноғора шуд.
Аз чунин аҳволи тангу тор ҳолам шуд хароб,
Бешак аз куштори айём синаҳо афгора шуд.
Бас кунед, эй аҳриманҳои замон, найрангро,
Бодя ин доду фиғонам бар шумо гӯшвора шуд.
Ақли солимро ба кор ореду тинҷӣ офаред,
Кору кирдори палид то коинот наззора шуд.

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 10/02/2026 11:04;   Просмотров: 15
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку