Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” бо иштироки ҷонишини ҳокими ноҳия, мудири шӯъбаи оила ва занону духтарон Мадина Баротова оиди таъмини шуғли бонувон анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
-Дар ноҳия 272 800 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 134 800 нафар бонувонанд, - гуфт М.Баротова. – Аз 8-ум то 20-уми апрели соли ҷорӣ дар маҳаллаҳо бар асоси омӯзиши шавқмандии бонувон ба тадбиркорӣ, оилаҳои эҳтиёҷманд ва бонувони бекор суолнома гузаронидем. Маълум шуд, ки 3169 нафари зан-духтарон бекоранд. Ба ҷойҳои нави корӣ - 659 нафар, корҳои ҷамоатӣ – 198 нафар, омӯзиши касбиву ҳунарӣ – 891 нафар, ҳунармандиву хонакорӣ – 92 нафар ҷалб хоҳанд шуд. Ба 24 нафар кредити боимтиёз ҷудо карда мешавад. Инчунин, 1233 нафар бону худро бо кор таъмин менамояд.
Агар занҳо оқилаву ҳунарманд бошанд, фарзандони нексириштро тарбия менамоянд, ки ояндаи ватан дар дасти онҳост. Аз ин рӯ, зан оинаи ҷамъият аст. Бигзор оина ҳамеша тозаву шаффоф бошад.
Иштирокдорон аз нотиқ ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Copyright © 2025. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.