Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАҚҚИ УСТОДИ ИЛМ...

Ҳурмати илму устоду китоб,

Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб.

Он айём Александра Сергеевна 12 сола буд. Вай сахт шамол хӯрда бистарӣ гашт. Баъди сиҳат ёфтани ӯ табибон маслиҳат доданд, ки вай бояд дар ягон кишварҳои гарм зиндагӣ ба сар барад. Чанде пеш падараш аз касалии тифи шикампеч вафот карда буд, ки бо модар ва хоҳараш аз шаҳри Уляновск (собиқ Симбирск) рахти сафар баст ва ба шаҳри Самар-қанд омаданд.

Соли 1932 зиндагии мардуми мо низ хуб набуд, аммо аз рӯйи урфу одати халқамон меҳмононро истиқбол гирифта, бо манзил таъмин намуданд.

Солҳои қаҳтӣ, сипас ҷанги хонумонсӯз барои оилаи Болшаковҳо бисёр ранҷ овард. Аммо онҳо душвориҳои зиндагиро мардонавор паси сар намуданд.

Александра Сергеевна соли 1951 омӯзишгоҳи муаллимтайёркуниро хатм карда, фаъолияти педагогиро дар мактаби рақами 16-ӯми ноҳия оғоз намуд. Аз духтари амакаш, омӯзгори номдор, сарпарасти ҷавонон Анастасия Романовна Иванова (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад) бисёр чизҳоро омӯхт. Дар муддати кӯтоҳ забони тоҷикиро ёд гирифт. Зеро одамони дорои маданияти баланд, бофарҳанг ва дурандеш якчанд забонҳоро ёд мегиранд, ки эҳтирому эътиқод ба мардуми таҳҷоӣ аст. Бояд зикр намуд, ки Александра Сергеевна на фақат бо муомилаи хуш, лутфу тамкин ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ, балки бо кори амалӣ, муҳаббат ба касб ва дареғ надоштани илму дониш барои сабақ додан ба ҷавонон ҳурмату эҳтиром пайдо кард.

Александра Болшакова қариб 40 сол ба насли наврас аз адабиёт ва забони русӣ сабақ дод. Аксарият шогирдон аз паси устод рафта, касби муаллимиро интихоб карданд, инчунин дар байни онҳо доктори фанҳо, профессорон, адибон, шоирон, журналистон ҳастанд. Профессорони донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеев, Кибриё Ҳасанова, доктори фанҳои физика-математика додарон Холмурод ва Тоҳир Ҳасановҳо, шоирон Хуршед Қамар, Нормурод Каримзода, адиб Адаш Истад, Шодон Ҳаниф, шифокор Замира Маъмурова мебошанд.

Ҳоло синни устод Александра Сергеевна қариб ба 90 дакка задааст. Аммо ӯ мактаби худро фаромӯш намекунад. Шогирдон низ аз аҳволи вай хабар мегиранд. Масалан, дар арафаи иди бонувон як гурӯҳ шогирдони мактаби рақами 16-ӯми ноҳия барои табрик ба кулбаи хоксоронаи ӯ, ки дар кӯчаи ба номи Лоҳутии шаҳри Самарқанд ҷойгир аст, ташриф фармуданд.

Аз дидорбинӣ чеҳраи муаллима чун гулҳои баҳор шукуфт.

– Ман аз шумо миннатдор ҳастам, ки забони русиро ёд додед, - гуфт собиқадори таълими халқӣ Мунира Шамсиддинова, - ҳамсинфонам ба забони Чехову Толстой озодона ҳарф зада, дар дарсҳо фикри худро бемамоният баён мекарданд, ки алалхусус волидайни мо хушнуд буданд. Аз сипосгузории ҳамсинфам чеҳраи устод шукуфт. Мушоҳида кардан душвор набуд, ки муаллима саҳифаҳои хаёлоти худро батадриҷ варақ гардонда, он рӯзҳои бебозгаштро ба хотир меовард. Вай дар гирдоби андешаҳо фурӯ рафта, дар пешонааш риштаҳои ожанг тӯр мебастанд. Замоне ӯ ниҳоят зебо, хушқаду қомат буд. Аммо мо, шогирдон дар тааҷҷуб будем, ки чаро вай ёри муносиб наёфту ҳоло танҳо зиндагӣ ба сар мебарад. Диндор аст, ки ба хастаҳолӣ нигоҳ накарда пои пиёда ба калисо меравад.

Қувваи ҳофизаи ӯ нағз будааст, ки фақат хис- латҳои неки шогирдонро ба ёд оварда механдид.

– Шамсиддинова, - ногаҳон гуфт ӯ ба ҳамсинфам Ҳалима, - шумо ҳусни хати зебо доштед. Гоҳ-гоҳ дафтарҳои солҳои мактабхониро варақ зада, шуморо ба ёд меовардам. Ана имрӯз худои меҳрубон ба дидани чеҳраи шумоён, азизонам муяссар сохт.

Ба моён, шогирдон “шумо-шумо” гӯён муроҷиат кардани устод аҷиб буд. Ҳатто мо хиҷолат мекашидем.

Александра Сергеевна ҳамчун инсони гармиву сардии рӯзгордида боз таъкид кард, ки мо барои тарбияи насли наврас асло вақтамонро дареғ надорем. Ақидаҳои ин зани рус роҷеъ ба эҳтироми расму оинҳои шарқона касро ба ваҷд меорад. Ба ақидаи ӯ панди шайх Саъдӣ, “Қобуснома” ва дигар ҳикматҳои алломаҳои тоҷик дастуруламале ҳаст, ки дар дигар халқҳо кам мебошад.

Насиҳатҳои устодро гӯш карда бори дигар ба хулоса омадем, ки пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд.

Ҳақ бар ҷониби бузургон, ки гуфтаанд:

Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,

Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.

Агар дар дилат меҳри устод нест,

Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

ДАР АКС: устод Александра Сергеевна Болшакова дар ҳалқаи шогирдон.

Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР


Дата добавления: 17/03/2017 16:45;   Просмотров: 1555
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку