Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Аз дафтари назм

ТАҚДИМ БА ҶАШНИ 60-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ “ГУЛОБОД ТОНГИ” - “СУБҲИ ГУЛОБОД”

Чӣ хуш, ҳар гаҳ паёми нав ба навро мерасонӣ ту,
Ба ҳар соҳибқалам ғамхору ёвар, меҳрубонӣ ту.
Диёрам сарфарозӣ мекунад аз ҳастият чандон,
Ба дилҳо шӯру туғён бахшӣ, чун баҳри дамонӣ ту.

Зарафшон, Дарғаму Шавдору Оби Раҳмат афсун кард,
Чун оби ҳавзи Кавсар ёки зам-зам масту мафтун кард.
Анор, ангур, асал, себ, анҷираш орои бозорҳост,
Ки деҳқонаш ба пурдониву тадбиркорӣ мамнун кард.

Самарқанд аз азал худ сайқали рӯи замин бошад,
Чу мулки аҳли шеъру меҳр умре нозанин бошад.
Гулободаш бувад сарманзиле дилёбу беҳамто,
Ки ҳар як марду зан дар ҳусну одоб дилнишин бошад.

Манам як зодаи рустои бетакрори ин кишвар,
Ба фардои дурахшони Ватан дорам зи ҷон бовар.
Камар бандам ба хизмат аз барои рушди фарҳангаш,
Равад овозааш, эй ҷони ширин, то маҳу ахтар.
Ӯлмас САЪДӢ ЁҚУБЗОДА


Дата добавления: 31/03/2017 13:47;   Просмотров: 1523
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку