Баҳори шасту панҷум соли умрам бигзарад шодон,
Миёни дӯсту ёрон бо умеду муддаои ишқ.
Ба ёди зиндагонӣ бо ҷадалҳо бишканам армон,
Дар аҳди комёбиҳо ба гӯш ояд садои ишқ.
Чӣ хуш, ки рӯди умрам сӯи фардоҳо шитобон аст,
Зи мавҷу шӯру туғёнаш ниҳодам меҳрборон аст.
Давои дарди доғамро ман аз васли ту меҷӯям,
Сабоҳи ҳоли ночорам ниёзе бар шафақ дорад.
Гуноҳи бевафоиро ба оби дида мешӯям,
Саҳоби гавҳарам умре ба роҳат шӯъла меборад.
Сафои рӯзгори бахтиёрон ҷовидон бодо,
Ҳавои меҳрубонони диёрам гулфишон бодо.
Ҳар он чи гуфтаам, нақше зи сӯзу сози ин дунёст,
Барои равнақу нашъунамои аҳли ҷон бошад.
Маводи байту ашъорам музайян бо ғами эҳёст,
Ба марзи синаҳо тухми саодатмандиҳо пошад.
Ба мисли шамси тобон мекунам равшан ҷаҳони дил,
Ба мардум мерасонам шаҳди пайғом бо забони дил.
Ба умри бодпоям оби дарё бас ҳамоҳанг аст,
Ба боғу сабзазорони ватан пайвандие дорад.
Ба қалби ошиқам, эй дӯст, гӯӣ, лола ҳамранг аст,
Мисоли булбули нолон гаҳе хурсандие дорад.
Камолу бахти фарзандон муроди ҷовидони ман,
Илоҳӣ мустаҷоб гардад дуои бекарони ман.
Агарчи рӯ ба пирӣ мениҳам дар корзори умр,
Бубин, чун андалебон мепарам андар ҳавои гул.
Ҳаёти пурхурӯшам мондаам дар ихтиёри умр,
Дурахши рӯзгорамро физояд хандаҳои гул.
М. Турсунзода
* * *
Дил намехоҳад ҷудоӣ лона монад бар саре,
Ёки мардум бенаво гардад зи “ақли” раҳбаре.
Чон ба дард ояд, агар ёбад завол одамгарӣ,
Кош бар гӯшам расад овози тӯй аз ҳар даре.
Дӯстон, бар Каъбаи дил саҷда орам як ҷаҳон,
Бар дифояш умри ноёбам бубахшам армуғон.
Сӯзу созаш бозтоби гавҳари дарёи ишқ,
Мавҷу туғёнаш нишон аз рангу бӯи бӯстон.
Шод бош, эй дил, ба олам шодмонӣ месазад,
Ҳар киро дар саҳни дунё комронӣ месазад.
Муддаои дилфигорон ҳам нишоти зиндагист,
Ин ҷаҳони пири моро навҷавонӣ месазад.
То ба кай дар дил ҳарос аз хавфу таҳдид ҷогузин,
То ба кай бо дӯсту ёрон дилсиёҳон ҳамнишин.
То тавонӣ, ҳастиро бо чашми ақлу ҳуш бубин,
Ҳар нигин ёбад мақоми хос дар ангуштарин.
Офарин дил, дар тапишҳоят хурӯши чашмаҳост,
Дар ниҳодат меҳри оятҳои Қуръони Худост.
Субҳу шомат бо умеди рӯзи фардо бигзарад,
Ормонат беканору ҷовидону босафост.
Н. КАРИМЗОДА
Намемирам, нахоҳам мурд берун аз хаёли ишқ,
Ки ҷони ман шавад қурбони роҳи безаволи ишқ.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.