Шоири самарқандӣ Салим Кенҷа 31-уми марти соли ҷорӣ 82-сола мешавад. Вай дар давоми ҳаёти худ солҳои зиёд дар радиои ҷумҳурият ва вилоят ҳамчун муҳаррир фаъолият дошт. Дар Донишкадаҳои омӯзгорӣ, забонҳои хориҷии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба донишҷӯён сабақ дод. Инчунин, дар вазифаҳои гуногун фаъолияти пурсамар дошт.
Салим Кенҷа Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, номзади илмҳои педагогика, аъзои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аст. Салим Кенҷа муаллифи чандин шеъру ҳикояҳо ва достон-ҳои шеърӣ мебошад. Чанде пеш шоир достони нави худро ба итмом расонд. Дар ин асар муаллиф дар бораи қадри умр сухан карда, аз даврони пириаш мефахрад.
Мо устодро бо зодрӯзаш табрик намуда, барояш умри бардавом орзумандем. Дар зер порчаеро аз “Давлати пирӣ” ба диққати шумо ҳавола мекунем.
ҲАЙЪАТИ ТАҲРИР
ДАВЛАТИ ПИРӢ
(Порчаҳо аз манзума)
Гирифтам хома бар дастони пирӣ,
Нависам то зи дил достони пирӣ.
Расидам, ваҳ чӣ хуш, бар синни ҳаштод,
Аз ин воқеа мебошад дилам шод.
Ба ҷашнам дӯстон табрик созанд,
Бароям орзуи нек созанд.
-Ба синни сад даро,- гӯянд эшон,
Намо ту садтагӣ ҳамроҳи моён.
Калону хурд гирдам ҷамъ гашта,
Ҳама парвонаю ман шамъ гашта.
Бирақсад духтари раққоса чун гул,
Ғазал хонад Баҳодур ҳамчу булбул.
Ба тӯям Дилбарам гулдаста орад,
Вале Дилшодаам пулдаста орад.
Ба ман Ҷамшеди ҷонам ҷома пӯшонд,
Ба ҳаққи ман зи таҳти дил сухан ронд.
Набераҳо маро оғӯш карданд,
Заданҳои диламро гӯш карданд.
Чӣ хуш, имрӯз ҷашни зодрӯзам,
Яке аз хуштарину шодрӯзам.
II
Кӣ мегӯяд, ки пирӣ ҳаст иллат,
Ки пирӣ баҳри инсон ҳаст давлат.
Кас аз даврони пирӣ баҳра гирад,
Сиҳат бошад, асо бар каф нагирад.
Яке аз мӯйсафедони замонам,
Ба пирӣ шоду хуррам дар ҷаҳонам.
Ба синну сол агарчанде, ки пирам,
Валекин пириро бар тан нагирам.
Агар даври ҷавонӣ рафт кайҳо,
Зи ҷисму ҷон нахоҳад рафт асло.
Намонда дар даҳонам гарчӣ дандон,
Зи дандони тилоям шоду хандон.
Гузашту рафт агар ҳаштод солам,
Гумонам, ки ба бӯстон навниҳолам.
Давоми навҷавонӣ пирии мо,
Аз ин рӯ ҳам ҷавонӣ ҳаст барҷо.
Манам пири ҷавон, яъне ҷавонпир,
Ҷавонпирӣ бувад моро ба тақдир...
Салим КЕНҶА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.