Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«Дӯст»-и панҷоҳсола

Рӯзномаи дӯстдоштаи мо «Гулобод тонги» (собиқ «Шарқ тонги») 60-сола шуд. Аввалин мақолаи ман соли 1967 маҳз дар ҳамин рӯзнома ҷой шуда буд. Дар қиссаҳои «Зафар», «Роҳ ба қасри бахт» ва ғайра ҳамкори ва дилбастагии худро ба рӯзномаи соҳибҷашн навишта будам. «Дӯст»-и панҷоҳсола» идомаи он аст. Фақат бо чанд андеша ному насаби ходимон иваз ёфтанд, ки хонандаи хушзеҳну зукко худ хоҳанд фаҳмид.

ЯК ЗАДАНИ ОҲАНГАР...

- Дили одаткарда - балои ҷон, - Николай Василевич ба шеваи шикастаи тоҷикӣ сухан ронд, - нӯшидан бас, точка.

Аввалин шуда Хандонамак ба дилаш оби хунук зад. Губурамак пагоҳ зӯр шудани кору зиёфатро ба Николай Василевич фаҳмонд. Ҳатто барои иззати ӯро баҷо овардан намоишкорона ба кисааш даҳсӯмаро гӯё барои хароҷоти майда-чуйда андохт. Роҳбари миробҳо чизе нагуфт ва ғарази пасти нафсашро фурӯ бурда, ба коғаз бетакаллуф имзо гузошт. Дар рӯи турши Губурамак писханди дандоннамо пайдо шуд. Николай Василевич аввал бо дасти рост, баъд бо дасти чап ба таври худ “омин” карду саросема аз ҷояш хест. Ҳозирон ба ӯ пайравӣ карда, меҳмонро то сари роҳ гусел намуда, худ ба мошин савор шуданд. Зафар ҳам чолокона худро болои мошин гирифт.

- Дарёбандӣ зӯр шуд, аммо як пиёла кам шуд, - ду-се маротиба такрор кард Хандонамак, - ту, Зафар, ду шиша қарздор.

Зафар чизе нагуфта сар ҷунбонд ва дар ботин хурсанд буд, ки «оби шайтон» ба замин рехт. Замин ҳаром шуд. Худо бахшад.

Дарёбандию “шиша”-кушоии якрангу дилбазан ду-се рӯз кашол ёфт. Зафар боз ба корҳои саҳро баромад. Деҳқонон “аз офтоби тирамоҳ баҳра бардор, аз офтоби баҳор худро нигаҳ дор” гӯён болои сабзаи лаби ҷӯй, зери сояи дарахт давра нишаста чой менӯшиданд. Онҳо ба саломи Зафар сар ҷунбонда алейк гирифтанд. Ӯ рӯймолчаи гиреҳбанди худро, ки нону ширинӣ дошт, рӯи дастархон гузошта худ аз як гӯшаи он ҷой гирифт.

- Бо чанд шиша дарё баста шуд, - Шакарамак бо табассуми айёрона сӯи Зафар нигарист, - сарбанди шумоён пеши обро гирад, нағз-куя.

- Шишаҳои холӣ пеши Зарафшони бадхашмро гирифтанаш гумон, - худро ҷиддӣ вонамуд сохт Баротдеҳқон, - ман бо дарё бо рафтори ноҳамвору ҷараёни саркашаш шинос ҳастам.

Қофиябозӣ авҷ мегирифт, ки аз дур овози трактор ба гӯш расид. Фурсате нагузашта худи трактори тасмачархи омочдор намоён гашт. Шакарамак ба пешвозаш баромад. Ронандаи он як марди миёнсоли гандумранги рӯборике буд. Вай бо ишораи Шакарамак “асп”-и оҳанини худро дар сари замин нигоҳ дошта, аз кабина ҷаҳида фаромад.

Тракторчӣ чунон ба чангу хок ғӯтида буд, ки гӯё нав аз гӯр баромада бошад. Корҷома ва тоқии чустии ғуборолудаш дар офтоб мисли пойафзоли равғанзада ялаққос мезаданд. Дасту рӯяшро ҳам гарду ғубори ғафс зер карда буд. Бо вуҷуди он Шакарамак бо ӯ ҳамчун як одами азизу гиромӣ самимона вохӯрӣ карда ба қадамҳояш ҳасанот гуфт. Ҳолу аҳвол пурсид ва барои нишастан дар атрофи дастархон ҷой нишон дод. Тракторчӣ магар аз ин аҳволи худ хиҷолат кашид, ки ба ҳозирон “салом додем бас, дар сари дастархон вохӯрӣ кардан нағз не”, гӯён кӯрпачаро ба сӯе тела дода, болои шолчаи мисли либосҳои худаш чиркину кӯҳна чорзону зад. Аз рӯи илтифот даст сари сина гузошта боз ба ҳама салом дод. Ҳолу аҳвол пурсид. Нигоҳаш ба Зафар афтоду аз Шакарамак пурсид, ки ин ҷавон кист?

- Ҳайдарҷон, ин аскарбача набераи Дӯмхола, - Зафарро муаррифӣ намуд ӯ, - аз ҷону ҷигарҳои худамон.

- Яъне, аз авлоди худамон. Ситорааш гарм тофта, дилам ҳам гувоҳӣ медод, - табассуми малеҳ дар лабони тракторчӣ пайдо шуд. Дар ин вақт дан-донҳои сафедаш аз байни ришу бурути сиёҳу нотарошидааш ялаққос заданд. - Ба ёрдам омадааст?

- Не, ин узви звено, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Баротдеҳ-қон, - акнун бо мо каланд мезанад, кори деҳқониро ёд мегирад.

- Наход? - механизатор сӯи Зафар бо тааҷҷуб нигарист, - падараш, хеши худамон, Ҳусейнака, одами мансабдор-ку?! Гапаш ба як-ду кас мегузарад. Ҷиянро ба ягон кори тозаву озода монанд, намешуд? Мисли мо ба хоку чанг ғӯтида гаштани ӯ чӣ лозим?!

Зафар аз меҳрубонии “хеши нави ислиқӣ”-аш ба риққат омада, сар ба поин афканд. Аз чойник чой рехта ба ӯ дароз кард.

- Аввалаш, ин ки одам хокзод аст, ана сонӣ, кора айбаш нест. Муҳимаш нонаша ҳалол карда хӯрад, - Ширинамак ба китфи ҷиянаш “тап-тап” зад. - Нони деҳқонӣ рисқу рӯзии ҳалолтарин аст. Мо тарбия мекунем. Худо хоҳад, ояндааш дурахшон мешавад. Ҳозир вазифаи мо ҳамин хел.

- Ҳайдарҷон, мардум мегӯянд, ки ғараз аз тушбера гӯшт хӯрдан аст, раъду барқи рӯзи тобистон барин, - Болтабой чашмони бозингарашро сӯи Зафар дӯхта писханд зад, - ҳар кас каландро ба фоидаи худ мезанад. Мақсади инҳо замин гирифта иморат сохтан.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

(Давом дорад)


Дата добавления: 17/02/2017 10:05;   Просмотров: 1632
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку