ЯК ЗАДАНИ ОҲАНГАР...
- Ҳой, Болта, ту бӯйнокгапӣ накун, - Баротдеҳқон якбора шӯрид. - Нағз дон, ки ба гуфти Ҳайдарукои мо, Ҳусейн Наҷмӣ дар хақиқат одами дастдароз асту, гапаш гап, лекин фарзандашро ба кори саҳро фиристод, ки ба ивази арақи ҷабин лаззати нони меҳнати ҳалолро чашад. Канӣ, ҳама ходимони райкому обком ва дигар мансабдорҳо ҳамин тавр рафтор мекарданд. Ту аввал гиребонатро бӯй карда, баъд айби дигаронро меёфтӣ, нағз буд...
Ҳолати ногувор ба миён омад. Шакарамак хислати пашшаи ҳар таом шудани Болтабойро нағз медонист. Бинобар ҳамин ба сӯяш теғ кашида нигарист. Авзои Зафар беҷо гардида, ранг бохт. Тракторчӣ аз пурсиши соддалавҳонаи худ пушаймон гашта, луқмаи нонашро бо чой фурӯ бурд. Лабу лунҷашро бо пушти даст пок кард ва сӯи Шакарамак ба маънои “чӣ хизмат?” саволомез дида дӯхт.
- Хӯш Ҳайдарҷон, дар дигар бригадаҳо вазъияти майдонҳои кишт чӣ хел? - Шакарамак маҳз барои таноби сӯҳбатро ба дигар сӯ кашидан чунин суол дод, - замин ба тоб омадааст ё не?!
- Дар ҳар куҷо шароит ҳар хел, - гӯён Ҳайдарака чашм ба сӯи қитъаҳои замин дӯхт, - муҳимаш замин бисёр нам набошад. Як бор агар шудгор карда, мола занем, замин барои ҷӯякашӣ тайёр шуд гуфтан гиред, вагарна маъюб мешавад.
- Ман аз омадани шумо хабардор шуда ҳар ҷо ҳар ҷо каланд задам, айни муддао, - Шакарамак бо ҳисси қаноатмандӣ сӯи ҳамсӯҳбаташ нигарист, - замин «гапдаро» шудааст.
Зафар ба сӯҳбати деҳқонон гӯш дода, аз ибораҳои аҷиби онҳо дар ҳайрат монд. Ба “тоб” омадан, “гапдаро” ё “маъюб” шудани замин тааҷҷуби ӯро меовард. Вай ҷумлаҳои ба худ хоси онҳоро таҳлил мекард, ки бо ишорати Шакарамак акояш Ширинамак барои омин даст бардошту аз Парвардигор илтиҷоомез барору баракоти кори деҳқононро талабид. Ҳама тасдиқомез сар ҷунбонда, даст ба рӯ кашиданд ва аз сари дастархон хестанд.
Ҳайдарамак ресмони равғанолудро ба кадом як узви ғилдиракшакли “асп”-аш баста кашид. Мотори трактор тап-тапкунон овоз бароварда ба кор даромад ва барои кору хазидан омода гашт. Шакарамак сӯи замини холии кишт ишора намуд. Ҳайдарамак “асп”-и ҷилавзадаро сӯи замине ронд, ки аз барфу борон мисли хамири дамида буд. Позаҳои плуг ба замин фурӯ рафта, хоку кулӯхҳои калон-калонро берун баровард. Шудгор оғоз ёфт. Техникаи пуриқтидор якбора чор тасма заминро бо панҷаҳои оҳанин зеру забар сохта, пеш мерафт. Дар як нафас аз куҷое селаи паррандаҳо пайдо шуда, бо чашмони тезбини худ кирму лойхӯракҳоро ёфта, ҳарисона фурӯ мебурданд.
Шакарамак панҷ-шаш қадам партофта аз замин як каф хокро гирифта сахт фишурд. Аз шиддати фишор ва рутубат тӯбчаи хокине рӯи кафи ӯ пайдо гашт, ки изҳои панҷа дошт, Шакарамак ба он бо диққат нигарист ва сипас бо ду кафаш совида боз ба хок табдил дод. Хокро бӯид ва баъд боз ба рӯ замин рехт. Баротдеҳқон наздаш омада, суоломез нигарист.
- Ако, акнун Худо гӯем, ки ду-се рӯз офтоб шавад, - чанги дасташро афшонда гуфт Шакарамак, - он гоҳ зуд ҷӯяк гирифта, ба шинондани парварда тайёр мекардем. Баракоти кори деҳқонӣ аз ҳаракати саривақтӣ-дия.
- Албатта, - гуфта Баротамак якбора хандида фиристод ва илова намуд, - лекин ғайрат ғайрати араб аст. Худо ба намояндаи авлоди онҳо, аз ҷумла Ҳайдарҷон қувват диҳад, трактораш осеб набинад.
- Ба Ҳайдарҷон гап нест, - Шакарамак хам шуду боз як каф хокро ба даст гирифт, - кораш ҳалолу пок, забони заминро медонад, ки чуқурии шудгор табъи дил аст. Илоҳо, барака ёбад.
Онҳо сӯҳбаткунон аз даруни замини шудгор берун баромаданд, вале ҳамон нигоҳашон сӯи трактор буд. Ҳайдарамак гоҳ-гоҳ сар аз тирезаи кабина берун бароварда, ба ақиб менигарист. Вақте медид, ки шудгор табъи дилаш идома дорад, сарашро боз ба дарун медаровард. Ҳамчун санитар-ҳои замин паррандаҳо ҳамон ризқу рӯзии худро чида мехӯрданд. Байни онҳо майнаву зоғчаҳо баднасфу чолоктар буданд. Кабӯтарҳои ёбоӣ ва мусичаҳои гӯлу тарсончак масофаи муайянеро риоя карда, эҳтиёткорона ба кирму лойхӯракҳои пасмондаи онҳо нӯл мезаданд.
Кори трактор Зафарро ба ҳайрат мегузошт. Он рӯзе қариб даҳ гектар майдонро шудгор мекард, ки ба кори садҳо нафар деҳқон баробар буд. Муқоисаи кори трактору деҳқон мақоли “Як задани оҳангар, сад задани сӯзангар”-ро ба хотир меовард. Вай ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳаракату омолҳои фавҷ-фавҷ танкҳои пуриқтидору тавоноро мушоҳида карда буд. Онҳо ҳангоми машқҳои ҳарбӣ бо роҳу бероҳаҳо дили заминро ханҷолу абгор сохта, ба чаҳор сӯ медавиданд ва чангу хоки заминро ба осмон мебардоштанд. “Эҳ, агар хатари ҷанг намебуду хараҷоти он барои ободонии кишвар ва кишту кори деҳқонӣ сарф мешуд, - худ ба худ меандешид вай, - кайҳо ҳаётамон гулистон мегашт. Кори душвори боғбонону деҳқонон сабук шуда, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ даҳчанд фаровон мегардид”.
- Зафар, ҳо Зафар, - нидои Шакарамак ӯро ба худ овард, - чаро ҳайкал шудӣ? Ин ҷо биё!
Ӯ назди Шакарамак омад. Вай боз кадом як корҳоро ба Баротдеҳқон фаҳмонда, сипас ба Зафар рӯ овард:
- Акнун ҷӯйборҳоро ба тартиб оварда, роҳи обро кушодан лозим, - супориш дод Шакарамак. Баъди шудгор ҷӯяк кашем, кишти ниҳолҳои помидору боимҷонро сар мекунем. Вақт ғанимат.
- Хуб шудааст.
Аъзои звено ҳама аз паси иҷрои вазифаҳои худ шуданд. Белу каланд-ҳо ба ҳаракат даромаданд. Аз куҷое Пайрав пайдо шуд. Вай дӯсташ Зафарро гӯё сад сол надида бошад, ба оғӯш кашида, боло бардошт ва як давр гирд гардонда, ба замин гузошт. Ба дигарон даст сари сина гузошта бо имову ишора салом дод. Зафар ангуштони худро ба ҳаракат дароварда, ҳолу аҳвол пурсид. Ҳар садо акси садо дорад. Пайрав бо лабони пуртабассум овози аҷибе бароварда фаҳмонд, ки ҳамааш хуб аст.
Дӯстон аз дидори якдигар шод буданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
(Давом дорад)
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.