Эзид, ки зи гил биофарид Одамро,
Қобилу Ҳобил, Иқлимо зод Ҳаво.
Аз рашку ҳасад ҷудоӣ омад ба миён,
Аз рӯзи азал расид ба мо ҳаҷру азо.
* * *
Эй дӯст, чаро ту ин қадар нодонӣ?
Дар умри равон ту кай китоб мехонӣ?
Рӯзномаву журнал олами ахбор аст,
Гар ҳеҷ нахонӣ, ҳар куҷо дар монӣ.
* * *
Ҳар кас, ки ба чашми дил ҳамекард нигоҳ,
Аз қалби Ҳилолӣ бишнавад нолаву оҳ,
Дар шиаву суннӣ фарқи инсон набувад,
Дар мазҳабу дин намебинам айбу гуноҳ.
* * *
Он замони талху каҷрафтор ку?
В-он ҳаёти сахту пурозор ку?
Дар ҷавонӣ бас кашидам бори ранҷ,
Он ҷавониҳои бетакрор ку?
Шофиддин РАСУЛӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.