Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИЛҲОМИ ТАНБӮР РАФТ...

Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,

К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

 

Вақто, ки дӯстам Муҳаммади Султонмурод занг зада бо овози маҳзуну ғамангез хабари мудҳиши марги санъаткори номдор Илҳомҷон Ҳамидовро гуфт, бовар накардам, ки риштаи умри инсони маъракаоро, дилёбу дарёдил, накӯному накӯкор Илҳоми танбӯр нобаҳангом, дар нимароҳи зиндагӣ барканда шудааст. Зеро рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар масҷиди ҷомеъи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳар ду сӯҳбат ороста, ният карда будем, ки дар арафаи 60-солагии ӯ чизе дар рӯзнома нависем.

–Акаҷон, ана акнун фурсат расид, ки ман захма ба тор мезанам, шумо қалам ба коғаз,-бо табассуми базебаш сӯям нигариста гуфта буд ӯ,-фақат баъди ташхис дар шифохонаи Тошканд.

–Ҳоҷӣ Илҳомҷон динекак аз тавофи Каъба ва зиёрати Ҳаҷҷи акбар омадед,-бо тааҷҷуб пурсидам ман, - магар Арабистон нафорид?!

–Саёҳати Маккаю Мадина олиҷаноб шуд, - завқ карда хандид, - лекин худ надонам, ки аз куҷо дарди бедаво печиду саломатӣ коҳиш ёфта истодааст.

–Додарҷон, дард меҳмон,-тасаллии дил додам ба ӯ,-муҳимаш, руҳан афтода нашудан лозим.

–Кайфиятам ҳамеша аъло, - мусоҳибам табассуми ширини худро ҳадя намуд, - мардуми санъаткор зиндадил.

Мо ана ҳамин тавр худоҳофизӣ карда будем. Дареғо, ман чӣ донам, ки он вохӯрии охирин будааст..

Илҳом Ҳамидов 25 маи соли 1958 дар деҳаи Ӯрташайх чашм ба олами ҳастӣ кушода дар мактаби рақами 16-уми зодгоҳ таҳсил гирифт. Солҳои мактабхонӣ ба санъат дил баст. Аввалин устозаш Неъматҷон Раҳматов (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) буд. Илҳомҷон аз вай нозукиҳои сирру асрори мизроб ба тор задану суруд хонданро омӯхт. Меҳру муҳаббат ба санъат ӯро ба факултаи мусиқашиносии донишкадаи ба номи устод Садриддин Айнӣ овард. Чор сол хонд. Дипломи мактаби олиро гирифту фаъолияти меҳнатиро дар собиқ комиҷроияи вилоят ҳамчун нозири шӯъбаи варзиш ва маданият оғоз намуд. Сипас дар ноҳияи Самарқанд омад. Чанд муддат ҳамчун мудири хонаи маданият фаъолият бурд. Барои шӯҳратёб шудани дастаи ҳунарии “Шашмақом” ҷоннисор шуд. Дар ноҳия корҳои васеъмиқёс бобати дарки худшиносии миллӣ, эҳё ва рушди мероси ғановатманди фарҳангӣ, хоссатан санъати мусиқии он саҳми арзанда гузошт.

Боиси қайд аст, ки дар ҷашнвораи байналхалқии мусиқии “Таронаҳои Шарқ”, ки аз соли 1997 инҷониб бо ташаббуси Аввалин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов гузаронида мешаваду шумори иштироккунандагон батадриҷ афзуда, бештару фарохтар доман густурд ва нуфузаш зиёд гашт, Илҳомҷон бо танбӯри худ ҳунарнамоӣ кардааст. Иштирокдорон ва меҳмонони ҷашнвора ба ҳунари волои созандаю хонанда, аз он ҷумла инсони кушодадилу маҳбуби халқ Илҳомҷон Ҳамидов низ самимона кафкӯбӣ карда буданд.

Воқеан, ӯ дар бисёр тӯй ва дигар хел маъракаҳои мардум хизмати беминнат ҳам кардааст.

Илҳомҷон Ҳамидов падари бузургвору бобои догӯй буд. Чор нафар фарзандонашро бо ҳамсари меҳрубонаш омӯзгор Муҳаббат Шарифова ба замона хос таълиму тарбия додаанд. Писаронаш Мӯнисҷон, Шералӣ, гулдухтаронаш Нилуфару Насибабону фахри сулолаи Ҳамидовҳо ҳастанд. Беш аз даҳ нафар набераҳо ба бобоҷону бибиҷон бо ширингуфторӣ ва ширинкорӣ олам-олам хурсандӣ меоварданд. Мағзи бодоми онҳо Далерҷон талабаи мактаби мусиқӣ шуд, ки бобоҷонаш вориси муносиби худро дида, қабат-қабат гӯшт мегирифт.

Рӯзи душанбеи гузашта барои иштирок дар ҷанозаи Илҳоми танбӯр аз дуру наздик бисёр мардум ҷамъ омаданд, ки аксарияти онҳо ҳамкасбу мухлисон, шогирду дӯстонаш буданд. Аҳли оилааш - ҳамсару фарзандон, хешу пайвандон – ҳама дар ҳасрати ӯ дидагирёну синабирён шуданд. Дар митинги мотам амини деҳа Шодмон Азизов, намояндаи ҳокимият шоири хушбаён Нормурод Каримзода ва дигарон сухан карда, хислатҳои неки марҳумро ба ёд оварданд.

Сипас ҳозирон тобути ӯро болои китфу даст гузошта сӯи қабристони Хоҷа Кафшер бурданд, ки аз шафати қиблагоҳаш манзили охират гирад.

–Амакҷон, дӯсти шумо, падари пурҳунару хушному покдилам қаноти мо, фарзандонро шикаста рафтанд, - бо доду фиғон ҳасрат намуд писараш Мӯнисҷон, - бовар кунед, як нигоҳи гарму ширинашон бисёр маъно дошт. Аллакай ёд кардам чеҳраи нуронию панду ҳикмати он касро. Оҳ, дод аз дасти аҷал!

Ҳаққо, ки ба гуфти шоир:

Афсус, ҷаҳон моя надорад имрӯз,

Бунёдгару поя надорад имрӯз.

Аз бас ҳама ростӣ ҳамин аст, эй дӯст,

Даврони касе соя надорад имрӯз.

Дареғо, Илҳоми танбӯр рафт. Илоҳо руҳаш шод, охираташ обод бод!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, деҳаи Ӯрташайх


Дата добавления: 03/02/2017 15:41;   Просмотров: 1715
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку