Журналист ва адабиётшиноси маъруф, профессори Донишгоҳи давлатии Самар-қанд Аслиддин Қамарзода таҳти чунин унвон иборат аз 52 банд (312 мисраъ) манзума эҷод намуд, ки чанд банди онро пешкаши мухлисони каломи бадеъ мегардонем:
Он Яздони поки танҳову беҳамто
Офарид ба мо мӯъҷиза - хату алифбо.
Мардум бояд хонанд китобҳоро,
Хабардор шаванд аз корҳои дунё.
Шумо китоб хонед, эй дӯстон!
Маърифатнок шавед дар бӯстон!
Китобҳо кони маърифату ҳикмат,
Кас меёбад аз онҳо роҳат-фароғат,
Китобхон ҳамеша соҳиби иззат,
Ӯро хурду калон мекунад ҳурмат.
Шумо китоб хонед, эй дӯстон!
Маърифатнок шавед дар бӯстон!
Соҳибқирон бобо Амир Темур,
Наберааш шоҳ ва шоир Бобур,
Онҳо китоб хонда бузургӣ ёфтанд,
Бо адолат давлатдорӣ карданд.
Шумо китоб хонед, эй дӯстон!
Маърифатнок шавед дар бӯстон!
Хонед ғазалҳои равон аз Рӯдакӣ,
Ҳикматҳои Юсуф Ҳоҷиб ба туркӣ.
Гар ёфтан хоҳед аз дардҳо шифо,
Хонед китоби “Ал-Қонун”-и Сино.
Шумо китоб хонед, эй дӯстон!
Маърифатнок шавед дар бӯстон!
Нахуст “Панҷ ганҷ” офарид Низомӣ,
“Хамса” гуфтанд дар ҷавоб Деҳлавӣ,
Султони шоирон Алишери Навоӣ,
“Ҳафт авранг” гуфт Мавлоно Ҷомӣ.
Шумо китоб хонед, эй дӯстон!
Маърифатнок шавед дар бӯстон!
Хонед ашъори мастура занҳо,
Нодираю Увайсӣ ҳам Зебуннисо.
Боз бисёр шоираҳои хушгуфтор,
Чун Зулфия, Фарзонаю Гулрухсор.
Шумо китоб хонед, эй дӯстон!
Маърифатнок шавед дар бӯстон!
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.