Солҳои 80-уми асри гузашта бо саъйу кӯшиши як гурӯҳ эҷодкорон дар назди шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муаллифи ин сатрҳо маҳфили адабиии эҷодкорони тоҷики Самарқанд бо унвони “Сайқал” фаъолият дошт.
Ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар хонаи Иттифоқи нависандагон, ки дар бинои ҳокимияти шаҳр ҷойгир буд, ҷамъ мешудем. Сонитар адади иштирокчиёни маҳфили мо афзуда, сӯҳбату муҳокимаронӣ оиди шеъру фарҳанг ва асарҳои тозаэҷоди адибони маҳаллӣ дар маҷлисгоҳи ҳокимияти шаҳри Самарқанд мегузашт ва баъзан соатҳо давом мекард. Маҷлис бо қироати шеърҳои аҳли маҳфил ва ҳикоёти дилнишину латиф ба поён мерасид. Боре дар поёни маҷлис барои болидасозии кайфияти иштирокчиёни маҳфил камина як-ду ҳикоятро аз ширинкорию соддалавҳии маҳаллатиҳои Самарқанд гуфтам. Мазмуни яке аз ин ҳикоятҳо чунин буд:
«Як маҳаллатии деҳқон, ки бинобар саросемакориаш ӯро дар деҳа Ҷонсарак ном мебурданд, соҳиби қитъаи замин ва молу ҳол буда, ду писар доштааст. Як бегоҳӣ писарон баъди кори рӯзона аз саҳро гову харро оварда аз рӯйи одати ҳаррӯза ба оғил дароварда мебанданд. Писаронаш ҳам, ки мисли Ҷонсарак саросемакор буданд, он рӯз харро ба ҷойи гов ва говро ба ҷойи хар мебанданд. Ҳамон рӯз Ҷонсараки мо барои фардо ба бозор бурда фурӯхтан як ҷуволу ду хӯрҷин сабзию бодиринг тайёр карда, аз рӯйи одат халтаҳои пури борро ба лаби суфа оварда мемонад. Саҳарии барвақт дар торикии шаб вай аз ҷойи хоб хеста, ба оғил даромада, бо гумони он, ки харро дар ҷойи ҳаррӯзааш баста мондаанд, говро тӯқум мезанад. Сонӣ, бемалол халтаю хӯрҷинро болои вай бор карда, худаш ҳам савор мешавад ва роҳи бозорро пеш мегирад. Баъди каме роҳ рафтан гов баъос мезанад. Ҷонсарак ин кадом гов бошад, гуфта ба чаҳор тараф нигоҳ мекунад. Чашми рӯз кафида, атроф равшан мешавад.Вай мебинад, ки ба ҷойи хар говро тӯқум задааст.
Ҳамон бегоҳӣ ба чойхонаи маҳалла мебарояд, ки ин гап аллакай дар байни мардум паҳн шудааст...»
Рӯзноманигори тезкор ва нависандаи хушгуфтор Зоҳир Ҳасанзода, ки иштирокчии доимии маҳфили мо буд, нақли маро начаккондаю нарезонда дар саҳифаи тоҷикии “Шарқ тонги “ (“Гулобод тонги”) чоп мекунад.
Аз ин воқеа се-чор рӯз гузашт. Баъди поён ёфтани дарс бевақтӣ аз донишгоҳ, ки дар гурӯҳи шабонахонҳо дарс доштам, ба хона омадам. Ҳоло либосамро дигар накарда, дари ҳавлиро касе кӯфт. Дарвозаро кушодам, ки назди дарвоза чойхоначии маҳалла Сулаймонамак истодааст.
–Мабодо ба чойхона набароед, - гуфт дар ҳолати пуризтироб Сулаймонамак. - Он ҷо писараки Ҷонсараки раҳматӣ, ки бригадири яке аз хоҷагиҳои ҷамоатӣ аст, шуморо ҷустуҷӯ дорад. Гӯё шумо онҳоро ба газета навиштаед...
Ман аз ин хабари ногаҳонӣ дар ҳайрат монда гуфтам, ки шояд ягон каси дигар навишта бошад. Зеро ман он вақтҳо дар ягон рӯзнома ягон хабар ё мақолаи танқидӣ ва ё ҳаҷвӣ нанавишта будам.
Ман сару либосамро иваз карда, наҳорӣ хӯрдаму ба варақ задани почтаи имрӯза (он вақтҳо ҳар рӯз газетаву журналҳои зиёде сари вақт меомад) саркардам. Навбат ба шумораи тозаи “Шарқ тонги” ҳам расид, ки он вақтҳо ҳафтае ду маротиба чоп мешуд. Назарам ба “Саҳифаи адабиёт ва санъат “ расиду он ҷо ду ҳикояти хурдеро дар бораи маҳаллатиҳои Самарқанд бо имзои худам дида ҳайратам афзуд. Ин ҳамон ҳикоятҳое буд, ки рӯзи шанбе дар маҳфил гуфтаму Зоҳир Ҳасанзода онро бо мақсади ба ман “сюрприз” кардан ноаён ба рӯзнома чоп кардааст.
Ҳикоячаҳоро хондам, ки дар ҷойе на номи Ҷонсарак ҳасту на номи писаронаш. Пас “чаро вай бо ин қадар ваҷоҳат ба сари ман омадааст?” гуфта ҳайрон шудам.
Аз ин воқеа ду-се рӯз гузашту ман мошинсавор аз назди чойхонаи Маҳалла мегузаштам. Дар назди самбӯсахона се-чор нафар мардони Маҳалла нишаста, самбӯса хӯрда арақ менӯшиданд. Байни онҳо устоди донишгоҳ, фарзанди Маҳалла Абдукарим Ғаниев ҳам буданд. Он кас маро дида ишора карданд, ки бозистам. Истодам.
– Чаро маҳаллатиҳоро ба газета задед? Писари Ҷонсарак хеле дар ғазаб,-саросема гуфтанд А.Ғаниев ҳанӯз ман лаб ба сухан накушода. - Наздам ҳамон писари Ҷонсарак омаду бо дӯғу дағдаға сухан оғоз кард:
-Муаллим, дигар гап наёфтед-мӣ, ки мо маҳаллатиҳоро ба газит навистед?
- Домулло, вай як асари бадеӣ, лутфи латиф аст,-гуфтам аз ин ҳолат ҳайрон шуда. - Дар он ҷо ному насаби касе ба забон гирифта нашудааст... Латифа – ин як асари бадеӣ. Ҳамту барои…
- Чӣ гуфтед? Бадӣ! О, ман, мо маҳаллатиҳо, ба шумо чӣ бадӣ кардем? Ана акнун ба ту нишон медиҳам бадиро! – гуфта қариб аз гиребони ман гирифта буд, ки ду-се тан дар он ҷо нишастагон писари Ҷонсаракро ба як сӯ кашида ором карданӣ шуданд... Устод Ғаниев бошанд, аз ханда рӯдакан шуда ба замин нишастанд. Баъди андак ба ман рӯ оварданд:
- Мулло, шумо ба кӣ асари бадеиро фаҳмонида истодаед? Охир ин маҳаллатӣ магар “бадеӣ”ро аз “бадӣ” фарқ карда метавонад? Равед, аз роҳатон намонед. Ман худам ба вай мефаҳмонам.
Баъди чанд муддат доир ба комёбиҳои меҳнатии ҳамон маҳаллатӣ, ки дар хоҷагӣ аз аввалинҳо шуда нақшаи ҷамъоварию ба давлат супоридани меваю сабзавотро пурраву барзиёд иҷро намудааст, як очерке навиштему дар газета чоп карда, дар сӯҳбати хоса ба вай чӣ будани асари бадею лутфи латифро фаҳмонидем.
Ана ҳамин тавр рӯзномаи “Шарқ тонги” барои пайдо шудани боз як ҳикояте аз ҳаёти маҳаллатиҳои машҳури Самарқанд сабаб шуда буд...
Аслиддин ҚАМАРЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.