Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАҲУ АХТАРОН БИГИРЯД

Эй тӯтии хушнаво, кӣ бинҳод

Ин мӯҳри сукут бар лабонат?!

Афсӯс, ки ҷои дидаи ман,

Оғӯши лаҳад шуд ошёнат.

Бар марги ту осмон бигиряд,

Меҳри маҳу ахтарон бигиряд.

Ҳар дафъа тавассути оинаи нилгун барномаи “Дийдор ширин”-ро бо ҳаловат тамошо карда, ба муаллиф ва баранда Насиба Мақсудова аз самими қалб ташаккур мегуфтам. Дар нишаст ва сӯҳбатҳо маҳз ҳамин барнома сабабгори баҳсу мунозира қарор мегирифт.

Аммо марги нобаҳангоми сухандони тоифаи олӣ, ҳунарпешаи номдор Насиба Мақсудоваро шунида беихтиёр аз дидагонам ашк рехт. Зеро камина низ яке аз мухлиси ашаддии вай будам. Вай барномаро бо суханҳои самимиву табассуми зебанда оғоз намуда, ба бинанда кайфияти хуш мебахшид.

Насиба Мақсудова ҷозиба дошт. Нигоҳаш, суханаш, суруд хондану рақсиданаш дилнишину дилрабо буд. Услуби кор, интихоби мавзӯю таҳияи барнома, саволу ҷавобаш тамошобинро бефарқ намегузошт. Насиба Мақсудова эҷодкори навовар, нозукбаён, рӯҳшинос буд ва ба қалби ҳар кас роҳ ёфта метавонист. Сухан ва ҳаракатҳояш озод ва ғайриқолабӣ буд.

Ҳамкасби ӯ Анвар Азимов дар яке аз мусоҳибаҳо таъкид кардааст, ки Насибаапа аз меҳрубонӣ, ғамхорӣ, меҳнат, ҷустуҷӯ монда намешуд.

Насиба Мақсудова 50 сол ҳамчун сухандони телевизиони марказии Ӯзбе- кистон адои вазифа кардааст. Агар зинда мебуд, 12-уми апрели соли оянда 70-сола мешуд. Афсӯс, 8-уми феврали соли равон аз сактаи дил аз олам чашм пӯшид. Вале ӯ дар дилу дидаи мардум абадӣ зинда аст.

Хуршеда АКРАМОВА, собиқадори таълими халқӣ, деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ


Дата добавления: 24/03/2017 12:10;   Просмотров: 1541
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку