Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НАЗАРЕ БА ОСОРИ ТОҶИКӢ-ФОРСИИ ФОНӢ

Амир Алишери Навоӣ аз худ мероси гаронбаҳои илмиву адабӣ ба мерос гузошт ва то имрӯз таҳқиқу тадқиқи осори арзишманди ӯ дар Ӯзбекистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Россия, Туркия ва кишварҳои Европа идома дорад. Ба сабаби ба ду забон асар эҷод намудан ба ӯ унвони “шоири зуллисонайн” дода шудааст.

Навоӣ осори форсии тоҷикиашро бо тахаллуси “Фонӣ” эҷод намудааст. Навоӣ ба бузургони адабиёти форсии тоҷикӣ эҳтироми хоса доштааст. Аз ҷумла, дӯстиву муридии ӯ ба Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ беҳтарин намунаи устодиву шогирдӣ ва дӯстӣ дар таърихи адабиёти ду халқ мебошад. Алишери Навоӣ Ҷомиро бисёр эҳтиром мекард ва Ҷомӣ низ ба Навоӣ меҳру самимияти ниҳоят баланд дошт.

Дар “Девони Фонӣ” беш аз 550 ғазал ҷой дорад. Ин девон ҳамчунин, 1 мусаддас, 1 марсияи таркиббанд, 73 қитъа, 72 рубоӣ, 16 таърих, 9 чистон, 373 муамморо дар бар мегирад. Ба ҷуз инҳо, Навоӣ ба забони тоҷикӣ ду маҷмӯаи қасида дорад, ки яке “Ситтаи зарурия” буда, аз қасидаҳои “Руҳ ул-қудс”, “Айн ул-ҳаёт”, “Тӯҳфат ул-афкор”, “Қут ул-қулуб”, “Минҳоҷ ун-наҷот” ва “Насойим ул-хулд” иборат аст. Дигаре “Фусули арбаъа” буда, қасоиди “Саратон”, “Баҳор” ва “Дай”-ро дар бар мегирад.

Алишери Навоӣ аксари ғазалҳои тоҷикиашро дар татаббӯъи Амир Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ эҷод намудааст.

 

ҒАЗАЛ

Дил ҷудо шуд зи ману ман шудам аз ёр ҷудо,

Кас бад-ин ҳол мабод аз дилу дилдор ҷудо.

Ҳамдамӣ бо ту муяссар нашавад моро, лек

Нест як дам рухат аз дидаи хунбор ҷудо.

Манзил аз баҳри қудуми ту муҳайё дорам,

Чашми бедор ҷудову дили афгор ҷудо.

Дил чунон гашта асират, ки ба сад қуллобаш

Натавон кард аз он турраи таррор ҷудо.

Даъвии ишқ макун, эй, ки набозӣ ҷонро,

З-он, ки гуфтор ҷудо бошаду кирдор ҷудо.

Фонӣ, абнои ҷаҳонро натавон як донист,

Гул ҷудо, сабза ҷудо, шӯра ҷудо, хор ҷудо.

 

ТАТАББӮЪИ ҲАЗРАТИ МАХДУМӢ

 

Эй аз баҳори ҳусни ту бар чеҳраам гулзорҳо,

Дар чеҳра з-он гулзорҳо дорам халида зорҳо.

 

Аз неши ҳаҷраш муттасил, гӯ, риштаи ҷонам гусел,

Чун дӯхт натвон чоки дил з-он сӯзану з-ин торҳо.

 

Дар кулбаи ғам гар барам, оӣ, наёбӣ пайкарам,

Бас, хоки хорӣ бар сарам к-афтода аз деворҳо.

 

Аз ҳурмати рухсор кай битвон шудан ҳамранги вай,

Моро ба хун, ӯро ба май, чун ранг шуд рухсорҳо.

 

Чун з-он бути ошуфтахӯ, орам ба сӯйи қибла рӯ,

Баста чу аз ҳар тори мӯ, бар гарданам зуннорҳо.

 

Будам ба ақли зуфунун, пири хирад пеш аз ҷунун,

Тифлон давонандам кунун дар кӯчаю бозорҳо.

 

З-ин назми нав чархи куҳун, якбора гӯ, ҳайрат макун,

Фонӣ, чу таълими сухун дорад зи Ҷомӣ борҳо.

 

 

 


Дата добавления: 10/02/2017 15:45;   Просмотров: 1945
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку