Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПУШАЙМОНИИ ГУЛҲО

Як гули зебо аз замин баромада, офтобро дид. Гул хеле хурсанд буд, ки аз нурҳои ҳаётбахши хуршеди оламгир баҳра мебарад. Дар атроф гулҳои аз якдигар зебо қад кашида буданд. Гулҳо ба гули нав сабзида гуфтанд:

- Ту хеле хурд, гулат ҳам ҳанӯз муғҷа набастааст, ранги баргҳоят ҳам зебо не. Дар ин боғ аз ҳама    гулҳои ноёб ва зебо моем. Одамон моро ба якдигар тӯҳфа мекунанд. Байни мо ба ту ҷой нест. Дар назар алафи бегона барин менамоӣ.

Гулҳо мағрурона ӯро масхара карданд.

Шабона осмон абрҳои сиёҳи худро ҷамъ карда, қатраҳои боронро ба замин фиристонд. Шамол ҳам бо шиддат мевазид. Баргҳои гулҳо як-як мерехтанд. Пагоҳӣ гулҳо аз хоб хеста, диданд, ки ҳамаи баргҳояшон ба замин афтодааст. Шамол ба гули хурдакаки назарногир зарар нарасонидааст. Аз таъсири шамол гулҳои мағрур аз зебоии худ ҷудо гашта буданд. Онҳо ба гули хурдакак нигариста, аз шарм сарҳояшонро хам карданд.

Парвина ТӮРАҚУЛОВА, хонандаи мактаби 37-и ноҳияи Самарқанд

 

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:22;   Просмотров: 1549
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку