Мехоҳам аз он булбули гӯё сухане,
Тантана ёбад зи садош анҷумане.
Ман дар ҳаваси чунин навое бошам,
Беҳуда набошад ватани ӯ чамане.
* * *
Як ҷуфти кабӯтар лаби бомам бинишаст,
Дар гӯшаи танҳоӣ ба ҳам аҳд бубаст.
Гуфто ки бар ин хонаи вайрона нигар,
Бар гӯш расид нолаи як ишқпараст.
* * *
Хурсандии ту фузуда аз макру ҳиял,
Андешаи зиштӣ рафта то авҷи Зуҳал,
Парвои фалак надорӣ з-оқибати он,
Хуш буд агар натарсӣ аз ҳукми азал.
* * *
Ҳар давру замон хитобу қолаб дорад,
Мезони сафедиву хати шаб дорад.
Дар сурату сирате тавон буд одам,
К-одамӣ як мактабу матлаб дорад.
* * *
Чун буда шағоле, ки шоҳӣ гузинад,
Он шери беша ҳамчу моҳи нишинад.
Сунъиву сохта бошад ин ҳолу амал,
Беҳуда сухан магӯ, ки афсона бувад.
Раҷаббой ЁРОВ, деҳаи Оҳалик
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.