Таҷлили ҷашни Наврўз, ки аз қадимулайём суннатҳои нек ва анъанаҳои бозиҳои қашангу шавқовари мардумро тараннум мекунад, ҷолиби диққат аст.
Зеро ба барномаҳои ҷашнӣ ворид шудани мусобиқаҳои футболбозон, теннисчиён, шатранҷбозон ва ғайра кайфияти аҳолиро боз ҳам хубу беҳтар менамояд. Шояд аз ҳамин сабаб дар деҳаи Хаймар мусобиқаи шоҳмотбозон гузаронида шуд. Дар он тамоми гузару маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳрвандони Улуғбек ширкат варзиданд.
Ҷои аввал ба вакилони деҳаи Чоршанбе насиб гашт. Шўҳрат Комилов, Худоёр Тиллоев, Ашўр Бобомуродов барои ғалаба саҳми арзанда гузоштанд. Барои ба шоҳсуфаи дуюм баромадани вакилони деҳаи Бўзӣ Бобур Назаров, Абдурафиқ Ҳакимов, Нозим Зиёев бо маҳорати баланд рўи тахта дона ронданд. Мизбонони мусобиқа - варзишгарони Хаймари боло Қаюм Набиев, Баҳром Бозоров, Муйин Зайниев барои ҷои саввумро гирифтан кўшиш ба харҷ доданд.
Бояд гуфт, ки барои ташкил кардан ва рағбатноксозии ғолибон саҳми марди саховатпеша Шоимбобои 70-сола ва аҳли оилаи ў, алалхусус фарзандаш мухлиси варзиш Ҳамроқул Имомов хеле калон аст.
Дар ҷашни иди Наврўзи деҳаи Хаймар амини деҳа Савриддин Наҷмиддинов, собиқадори меҳнат Раҳмонқул Ҳамроқулов, рўзноманигор Зоҳир Хасанзода ва дигарон ба сухан баромада, аввало ба ташкилотчиёни мусобиқа миннатдорӣ изҳор карданд.
Муҳаммад СУЛТОНМУРОДӢ, устоди варзиш
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.