Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХИСЛАТҲОИ АҶОИБИ ОДАМОНИ БУЗУРГ

Брамс – тез-тез ҳатто эҳтиёҷ набошад ҳам, пойафзолашро тоза карда меистод. Ӯ мегуфт, ки маҳз дар ҳамин гуна дақиқаҳо оҳангҳои беҳтарини ӯ тавлид мегарданд.

Мейерберг – ба поезд савор мешуду ба кадом тарафе, ки рост ояд, рафтан мегирифт. Зеро ки дар вагон офаридани мусиқӣ ба ӯ осонтар буд.

 * * *

Бетховен – эътиқод дошт, ки риштарошӣ ӯро аз муваффақияти эҷодӣ маҳрум месозад, бинобар ин ӯ хеле вақт ришашро натарошида мегашт.

 * * *

Гёте – дару тирезаҳои хонаро тамоман маҳкам баста, кор мекард, ки ба он ҷо садо ва ҳатто ҳавои тоза надарояд.

 * * *

Диккенс – Пас аз навишта шудани ҳар панҷоҳ сатр як стакан оби ҷӯш менушид.

 * * *

Байрон- пеш аз он ки ба сари кор нишинад, ҳамеша тафтиш карда медид, ки дар атрофаш намакдон набошад. Аз намак қимоб буд.

 

Таҳияи Дилрабо

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:26;   Просмотров: 1638
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку