Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАБУЛИ ҲАҶ...

Замоне ки Адаш Халилов хурдсол буд, амаки мӯътабараш мулло Ибодуллобобо ва падараш марди тақводор Раҳматуллобобо дар хонаи алоҳидае даромада, намоз мегузоштанду Қуръон тиловат менамуданд.

Ҳатто рӯзҳое буд, ки дар сари дастархон, пас аз ғизои таом ҳам хеле оҳистакорона даст ба дуо мебардоштанду пичирросзанон шукргузорӣ менамуданд. Адаши наврас ҳанӯз намедонист, ки он замони зимомдории шӯроҳо як навъ ҷаҳолат ба адои рукнҳои исломӣ буд. Касе ки аз имону эътиқод ва дину ислом ҳарф мезад, ҳатман, рӯзашро сиёҳ мекарданду корашро ба маҳкама мебурданд. Агарчӣ падараш Раҳматуллобобо иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, борҳо бо марг дар ҷанггоҳҳо рӯ ба рӯ омада, ба фарзандон мегуфт, ки такрори сураҳои Қуръон ӯро аз ҳалокат гардонидааст. Аз ин рӯ, бо оҳистагӣ ва эҳтиёткории зиёд ҳаракат менамуд, ки аҳли хонадонаш, бахусус писараш Адаш баробари илми дунёӣ аз илми динӣ низ хабардор бошад. Аз Қур- ъони шариф сураҳо хонад. То тавонад, ба намозҳои ҷамоатӣ иштирок кунад. Адаш Халилов раъйи падарро нагардонида, ба қуръонхонӣ шавқ зоҳир намуд ва хато ҳам накард...
Адаш Халиловро шавқи санъатдӯстӣ, бахусус, сарояндагӣ ва навозандагӣ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи мусиқии Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд бурд. Аз устодаш Толибҷон Халилов дар мактаби миёнаи рақами 40-и зодгоҳаш фанни сурудро, ки хуб омӯхта буд, донишҷӯи ин даргоҳи олии илм гардид. Ҳангоми дарси олимон Файзулло Обидов, Нодир Валихоҷаев, Равшан Ҳамроқулов, Норбой Таллибоев, Эргашака Хуррамов ва дигарон хуб фаҳмид, ки ҳангоми сурудани оҳангҳои «Шашмақом» бахусус, сурудҳои классикии «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ушшоқ», «Баёт» нафаси чуқур ва садои форам лозим будааст. Вақте ки бори аввал дар назди ин устодон Адаш Халилов сурудеро иҷро намуд, ҳама ҳайрон шуданд, ки услуби хоси сурудхониро шогирди наврас аз куҷо ёд гирифта бошад?! Он замон Адаш Халилов гуфта наметавонист, ки охир ӯ бо ин оҳанг сураҳои Қуръонро мехонад. Устоди аввалинаш падар ва амаки мӯътабараш ҳастанд.
Адаш Халилов қариб 20 сол дар мактаби рақами 37-и ноҳия ба шогирдон аз фанни суруд дарс гуфту маъракаорои ҷашнҳои мардумӣ буд. Ҳоло шогирдонаш низ худ ба дараҷаи устодӣ расидаанд. Фарзанду наберагон низ эҳтироми боборо ба ҷои худ мегузоранд.
Ба қарибӣ як гурӯҳ хешу ҳамсоягон бо сарварии раиси маҳаллаи Чаман Мамат Баҳронов ва ҳамсабақон Ҷамшед Аҳмедов, Шавкат Неъматов ва дигарон Адаш Халиловро ба зиёрати Маккатуллоҳ - сафари мубораки Ҳаҷ гусел намуда буданд. Акнун боварӣ ҳаст, ки Ҳоҷӣ Адаш Халилови 63-сола ба Самарқанд баргашта, барои тарбияи насли наврас хизмати босазое мекунад ва гули сари сабади маҳфилҳои орифона мешавад.

Толиб ЮНУСЗОДА


Последнее редактирование: 07/09/2018 12:41;   Просмотров: 1089
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку