Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАДРИ БАЛАНДИ МЕҲНАТ

Шукронаи Худо, ки ба мо Истиқлолро ато кард. Вагарна то ба ҳанӯз ба қавли «каллаҷунбонҳои» ҳамон давру замон дар «оилаи ягонаи халқҳои СССР» чун бародари миёна мемондем ва садои моро дар СК касе намешунид. Аз мо фақат иҷрои плани пахта талаб мекарданду касе дар фикри саноатӣ кардани республикаамон набуд. Шукронаи истиқлолият, ки акнун касе дар Маскав аз мо плани пахта, сабзавот ва меваҷот талаб намекунад ва мардуми мо аз ин меҳнати сангини ба ҷои раҳмат лаънатоваранда халос шуд.

Худои меҳрубон ғами моро хӯрда, ба мо Истиқлолро ато кард. Мо барои истиқлоли худ чун дигар миллатҳо мубориза набурдаем. Масалан, курдҳо, ки қариб 60 миллион нафаранд, то ба ҳанӯз давлати мустақили худро надоранд ва ба ҳудуди 4 давлат (Эрон, Туркия, Сурия ва Ироқ) овораанд. Онҳо пайваста барои истиқлолияти худ мубориза мебаранд. Бояд ба хотир овард, ки оғози солҳои мустақилӣ осон набуд. Президенти аввалини Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов бо сиёсати хирадмандона мардуми моро аз бӯҳронҳои иқтисодиву маънавӣ берун оварданд. Шукри Худо, ки ба дили бандагонаш меҳру шафқат андохт ва мо дасти ҳам гирифта, бо раҳнамоии Сарвари давлатамон ба комёбиҳои беназир расидем. ҳамин аст, ки таҷрибаи сулҳи давлатдории ҳукуматдорони мо ба қавли бархе аз сиёсатмадорони мо чун китоби дарсӣ дар риштаи дипломатияи донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ истифода бурда мешавад.
Ҳоло соҳаи хоҷагии қишлоқ низ хеле пеш рафтааст. Ба қарибӣ аз тариқи телевизион дидам, ки фермере дар фермаи бӯрдоқипарварӣ, яъне дар оғил роҳрави қолинӣ партофта буд. Магар ин амал дар давраи шӯравӣ имкон дошт? Ҳаргиз! Он вақт гилем бойигарии камёб ҳисоб мешуд. қолинро ба пешқадамони истеҳсолот тӯҳфа мекарданд ва ё мардум солҳо барои харидани он дар магазин номнавис мешуданд. Шукронаи Истиқлол, ки ҳоло бозорҳо лабрези қолинҳои Туркияву Эронанд ва ҳар кас метавонад онро харид кунад.
Дар давраи шӯравӣ роҳбарият аз халқ дур буд, мардум дар телевизион фақат Леонид Илич Брежневро медиданд ва дигаронро ҳатто намешинохтанд. Президенти аввалини Ӯзбекистон – Меъмори Истиқлоли миллиамон, марҳум Ислом Каримовро мардуми ҷаҳон чун бузургмарди сиёсатмадор мешинохт. Халқамон самимона эҳтиром менамуд. Дардеву дареғо, ки ӯ ҳоло ҷисман дар байни мо нест. Шукронаи ин давру замон, ки ҳоло президенти мӯҳтарами мо Шавкат Мирзиёевро тамоми мардуми кишвар аз кӯдакони яслӣ то пирони барҷомонда ҳама мешиносанд ва ҳатто баъзеҳо бевосита ба дидори ӯ расидаанд. Зеро Президентамон марди хоксору фурӯтан буда, ҳамеша мекӯшад, ки бо мардуми кишвар рӯ ба рӯ ва сӯҳбати ошкоро карда аз бурду бохт ва мушкилоташон огоҳ бошад.
Дар ҳақиқат, Истиқлоли мо ҷавони навхат аст, нав 27-сола мешавад. Мо дар ин муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои беназир расидем. Худо хоҳад, боз садҳо қуллаҳои зафарро фатҳ хоҳем кард.
Истиқлол неъмати бебаҳо аст, ба қадри он бояд ҳар яки мо бирасем.

Насруллоҳ УБАЙДӢ,
Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, собиқадори ифтихорӣ


Дата добавления: 31/08/2018 14:55;   Просмотров: 1176
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку