Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАДРИ МОДАР

Ин воқеаро табибзане нақл кард...
Рӯзе ба хонаи кориям, зани тақрибан шастсола бо писари сисолааш ворид шуд. Писар модарашро хеле ҳурмати зиёд менамуд. Зуд-зуд рӯймоли модарро дуруст мекард, ба ӯ обу таъом дароз мекард. Аз муносибати аҷибу дилписанди ҷавон ба ҳайрат омадам. Баъди пурсиш аз саломатии ҷисмонии модар, аз ҳолати рӯҳияш пурсидам, зеро рафтори модар табиӣ набуд. Ба саволҳоям бемантиқ ҷавоб медод. Писар гуфт:

- Модарам аз даврони кӯдакиям аз ақл бегона аст.
Пурсидам, ки модаратро кӣ нигоҳубин мекунад? Гуфт: - Ман. Гуфтам: - Фаҳмиданиям, ки шустушӯи либосу ҷисми ӯро кӣ ба зимма гирифтааст? Гуфт: - Либосашро худам мешӯям. Вақте ки зарурати ҳаммом ояд, либосҳои тозаашро ба ҳаммом мебарам ва обро тайёр мекунам, худаш шустушӯ мекунад. Гуфтам: - Чаро хидматгоре ба кироя намегирӣ, то дар хидмати модарат бошад? Ҷавони солеҳ гуфт: - Чунки модарам мисли кӯдак асту аз касе шикоят намекунад. Метарсам, ки хидматгор аз фурсат истифода бурда, ӯро азият диҳаду аз он ғофил монам. Аз эҳтироми волое, ки нисбат ба модар дошт,ба тааҷҷуб омадам. Баъдан боз суол кардам: - Ҳамсар дорӣ? Ҷавон гуфт: - Бале, шукри Худо соҳиби оила ва чанд фарзандам. Гуфтам: - Чаро ҳамсарат ба нигоҳубини модар машғул намешавад? Ӯ гуфт: - Ҳамсарам дар хидмати модар камие надорад, ҳар рӯз хӯроки болаззат омода месозад, вале саъй мекунам, ки ҳамеша ҳамроҳи модарам таъом хӯрам, то ки аз ҳолати хӯрокхӯрияш бохабар бошам. Вақте ки ба нохунҳояш назар кардам, дидам, ки ҳамааш кӯтоҳ карда шуданд. Боз кунҷковона пурсидам: - Писарам, нохунҳои модаратро ки кӯтоҳ мекунад? Оё худаш ин корро анҷом медиҳад? Ӯ чунин посух дод: - Табиби мӯҳтарам, охир модарам узр дорад, ӯ бемор аст, парвои нохун надорад, камина барои қатъи нохунҳояш ёрӣ медиҳам. Дар ҳамин лаҳза садои модарро шунидам, ки гуфт: - Кай барои ман чипси мехарӣ (яъне картошкаи хушккардашуда)? Писар бо оҳанги навозишомез гуфт: - Модарҷон,акнун ба бозор меравем ва ман барои шумо чипси мехарам. Гуфтам: - Оё модар ғайр аз ту ягон шахси наздик дорад? Ӯ гуфт: - Не, вақте ки яксола будам, падарам аз ӯ ҷудо шудааст. Гуфтам: - Оё падарат туро ба воя расонид? Ӯ гуфт: - Не, модаркалонам ману модарамро парасторӣ карданд. Чун ба синни даҳ расидам, модаркалонам аз дунё чашм пӯшиданд. Аз синни даҳсолагӣ инҷониб, тамоми ҳаракату талошамро барои хидмати модарам сарф мекунам. Дар ҳамин лаҳзаҳо вақте ки варақаи дорухатро ба писар супоридам, ба ӯ фаҳмонидам, ки фалон доруҳоро дар фалон вақт бояд бихурад. Ҳангоми хайрухуш боз сухани модарро шунидам, ки ба фарзанд мегуфт: - Ман ба бозор намеравам, ба ҳаҷ рафтан мехоҳам. Боз савол додам, барои чӣ ба ҳаҷ меравед? Модар,ки ақл надошт, гуфт: - Мехоҳам ба самолёт нишинам. Ба ҷавон гуфтам: - Модарат узр дорад, Худованд барои шахсони бемор ҳаҷро фарз накардааст. Он гоҳ писар гуфт: - Барои ман хурсандии модар аз ҳама муҳим аст. Дар охир гуфтам: - Оё туро ҳангоми касал буданат модар нигоҳубин кардааст? - Оё ҳолатеро дар ёд дорӣ, ки модар ба ту ғамхорӣ намуда бошад? - Оё боре модар ба хурсандии ту хурсанд, ё дар ҳоли хафагиат ғамгин шудааст? Писар овозашро мадкашон гуфт: - Духтурҷон, модарам бемор аст, ӯ ингуна эҳсосро надорад. Баъди хайрухуш аз ҳамшираи шафқат хоҳиш намудам, ки маро чанд дақиқа танҳо гузорад, касе чанд лаҳза маро халал нарасонад. Дарро аз дарун бастам, дар танҳоӣ зор-зор гиристам. Меҳрубонии он ҷавон ба модараш маро ба олами андешаҳо бурд. Хидмати модар ба ҷавон танҳо ба дунё овардани ӯ буду халос. Ӯ мисли модарони дигар шабҳо ба фарзанд дар тайёр кардани дарс ёрӣ нарасонидааст, ба хотири ӯ бедорхобӣ накашидааст, ҳангоми ғамгинӣ, ҳамдардӣ накарда, дар хурсандиву шодияш шарик нашудааст. Бо вуҷуди ин,фарзанди бошараф ба модар чунин рафтори писандидаро муносиб дидааст... Оё мо ҳатто ягон бор дар фикру андешаи хидмати шоистаро ба модарони солиму мушфиқу ғамхорамон будем?

Ҳозиркунандаи чоп
Д.ҒАФФОРДУХТ


Дата добавления: 10/11/2017 11:07;   Просмотров: 1284
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку