Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АГАР БА ҚАДРИ ОБ МЕРАСИДЕМ...

Мусоҳиба бо сардори идораи ташкилоти оби ошомидании
"Сувоқова"-и ноҳия Муҳибулло ТУРСУНОВ

- Муҳибулло Асрорович, Шумо чун муҳандиси тавоно, марди сиёсатмадор, бофарҳанге миёни халқ эҳтиром доред. Зиёдтар аз бист сол боз идораи "Сувоқова"-ро раҳбарӣ мекунед. Обро чӣ гуна таъриф мезебад?
- Дар радифи муқаддасоти илоҳӣ об хусусияти волои мӯъҷизавӣ дорад. Об - ободгар. Агар ҳамин об намебуд, шояд замини ташналаб кайҳо ба Саҳрои Кабир табдил меёфт. Меваҷоту сабзавот беҳосил мешуд. Саршумори инсоният ба миллиардҳо намерасид. Бидуни об ҳатто сангҳои кӯҳ намесабзанд. Охир, санг ҳам дил дорад ва набзи дил аз таровати об аст. Мебинем, ки зистгоҳҳои замонавӣ то 20 қабат бунёд мешавад. Ба ғайр аз он, ки бояд бошандагони ин манзилгоҳҳои нав бо об таъмин гарданд, ҳангоми сохтмон низ миллионҳо об барои қад афрохтани иншоот сарф мешавад. Аз ин рӯ, гузаштагони мо ба қадри ҳар чакраи об мерасиданд. Ба рӯи он туф намекарданд.
- Аз назари шумо пас аз даҳ соли сонӣ истифодабарандагони об чӣ хел мешуда бошанд?
- Охир, онҳое, ки даҳ сол пеш аз об истифода бурдаанд, андешаманду мулоҳизакор буданд. Ҳар чизе, ки оғоз дорад, бояд интиҳо ҳам дошта бошад. Дарёҳои пуртуғён ҳам рӯзе мехушканд. Ин ҳақиқати ҳолро устод Лоиқ басо зебо ба риштаи назм кашидааст:
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе хушк хоҳад шуд...
- Биёед, сари кор омада, дар бобати фаъолияти имрӯзаатон ҳарф мезадед...
- Ҳоло ходимони идораи мо аз қабили Азамат Муродов, Матлуб Бурҳонов, Тоҳир Латифов, Абдуҳамид Саломов, Аслам Шаропов ва Тошпӯлод Умаров барои бо оби покизаи ошомиданӣ таъмин намудани маҳаллаҳои ноҳия, ҳатто баъзе гузару маҳалҳои қаламрави шаҳри Самарқанд аз ҷумлаи Сафедиву Гармако ва Қавола заҳмати зиёд мекашанд.
Бахусус, аз ҳавзаи Идораи марказиамон воқеъ дар маҳаллаи Сулфкабутак аҳолии маҳаллаҳои Гулбоғу Ӯрташиқ, Кӯи Сахову Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мирзо Улуғбеку Қӯшкӯпрук ва худи Сулфакабутак об менӯшанд.
Он бо қудуқи артезиании замонавӣ аз 180-200 метр чуқурии қаъри замин гирифта мешавад. Хеле ширину шифобахш аст.
Бо вуҷуди карантини воқеӣ кормандони мо лаҳзае бекор набуданд. Наргиза Шарипова, Ирода Яхшибоева, Ҳасан Бобоев. Олим Ҳоҷиқурбонов, Роҳила Ҷунайдова ва дигарон фидоии соҳаанд. Дар маҳаллаҳои Ширинобод (қисми Илонсой), Янги ҷой, Миронқул, Миришкор, Даштиобод, Чакка, Юқори Қайнама, Гулбоғ, Талибарзуи боло, Талибарзуи поён қудуқҳои замонавии оби нӯшокӣ бо манораҳояш бунёд гардида, қубурҳои нав кашида шуд. Танҳо дар моҳи охир 7,5 километр қубурҳои кӯҳна нав шуд.
- Баъзан мешунавем, ки мардум аз садамаи қубурҳои об шикоят мекунанд...
- Бале. Ҳоло аз сабаби пахш хӯрдани турбаҳо дар зери баллонҳои мошинҳои бузургҷуссаву боркаши 130-140 тоннагӣ кафидаву ношоям мешаванд. Боз мардум инро аз устоҳои идораи мо медонанд, ки нодуруст аст. Ба як ҳолати ҳақиқӣ эътибор диҳед: он маблағе, ки дар бораи таъмири обгузарҳои мавзейи Гулобод дар 15 соли аввал сарф шудааст, ҳамин миқдор танҳо дар як соли охир аз даст рафт. Дар дили он ҳама ободгариву сохтмони маркази ноҳияамон азобу ҷонкоҳии ходимони "Сувоқова" низ ҳаст. Боз, вақте ки барои ситонидани пули оби нӯшидаашон муроҷиат намоед, карантину пандемия ва шароити нохуби иқтисодиро пеш меоранд. Наход обнӯшӣ ҳам карантин дошта бошад?! Як баклашка оби газнок ё бегазро аз дӯкон ба 3000 сӯм мехаранду пас чаро барои як тонна об 3000 сӯм намедиҳанд?
Чӣ ҳам бошад, барои мардум рӯзгори босаодат ва чун об ҳаёти шаффоф мехоҳам.
- Барои сӯҳбат ташаккур.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 25/09/2020 14:41;   Просмотров: 643
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку