Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти уммеди ту ҷуз бод нест.
Ин маънӣ рӯзи ҷанозаи муаллими муаллимон, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, бузургмарде ки барои равшангарии роҳи маърифати мардум қариб панҷоҳ соли умри худро чун шамъ сарф намудааст ва чоряк аср чун раиси маҳаллаи Сафедӣ заҳмат кашидааст, шодравон Тоҳир Шодиев аз қаъри дили шогирдон шунида мешуд.
Барҳақ, муаллим Тоҳир Шодиев дар боби мардумшиносӣ гултоҷи инсоният буд ва бо камоли хислатҳои неки одамият дар дилу дидаҳои халқ маъво дошт. Ҳалиму меҳрубон ва дардошное буд.
Иди муаллимон - 1-уми октябр гузашту пас аз ду рӯзи он муаллим Тоҳир Шодиевро дар даромадгоҳи Шифохонаи марказии шаҳр вохӯрдам. Муаллим мисли ҳарвақта чолоку бардам ҳаракат дошт. Ба сӯям қадамгузориҳояш, ки ман низ ба пешвозаш мешитофтам, ҳеҷ гуна бемориеро дар рухсори пурнури Тоҳирмуаллим ҳис намекардам. Ба ҳар ҳол аз боздид ҳарду ҳам хурсанд будем.
- Ассалому алайкум, муаллим! Иди гузаштаи касбиатон ба шумову муаллима Раҳмонова муборак бошад!
- Ваалайкум ассалом, додарам. Дер ояду шер ояд гуфтаанд қадимаҳо. Шунидани табрик ҳеҷ гоҳ бевақт намешавад. Ташаккур.
- Муаллим, ба хайр аст, ки шуморо ин ҷо мебинам? - пурсидам аз ӯ.
- Ҳамин гӯед, ки то ба ин қарибиҳо аз дилу ҷигару гурда доштан хабарам набуд. Акнун ҳар яки ин узвҳо ягон-ягон "сигнал" дода, мо ҳам ҳастем, мегӯянд. Ҳамин узвҳоро барои назорати духтурҳо овардам.- ҳанӯз табассум намуда лутфан ҷавоб дод Тоҳир Шодиев.
Пас аз ин сӯҳбати гарм устодро борҳо дар тӯю маъракаҳои мардум дидам. Устод ҳанӯз бардам буд.
Вақте ки хабари марги нобаҳангоми муаллим ба ман расид, бовариам намеомад...
- Аз он. ки ҳар ду ҳам муаллим будем, дили ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Ба доду нододи зиндагӣ қаноат доштем. Сабру таҳаммул намуда, соҳиби хонаву ҷой шудем, ба орзуву ҳаваси фарзандон расидем. Муаллим дар ҳама вазъият раҳнамо, меҳрубон ва қадрдони ман буданд. Дили бузург доштанд. Барои он кас одами бегона набуд. Маъракаҳои мардумро азони худ медонистанду аз сар то охир ба пои рост истода хизмат мекарданд. Баробари халқ механдиданду баробари мардум мегиристанд. Атрофиён низ ӯро падари маънавӣ медонистанд. - иброз дошт завҷаи мӯҳтарамаи муаллим, машъалафрӯзи маорифи халқ, маърифат парвари номӣ, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Муҳаррам Раҳмонова.
Тоҳир Шодиев 21-уми июни соли 1947 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми боимтиёзи мактаби 47-и шаҳр донишҷӯи бахши шабонаи факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Фаъолияти меҳнатиро низ аз мактаби хатмкардаи худ чун сарвари бачагон ва муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз бахшид. Соҳиби диплом шуду солҳои дароз чун муаллими кимиё, мудири қисми илмӣ, ҷонишини директор доир ба корҳои ташкилии беруназсинфӣ заҳмат кашид. Фарзандони асил - Шокирҷони ходими банк, Шаҳнозаи шифокор ва Шоҳидаи муаллимаро чун шахсони фаъолу ибратбахши ҷамъият ба камол расонид. Набераву абераҳо аз лутфу марҳамати бобову бибии хирадманд хушҳол буданд.
- Хонадони хоҳархондам Муҳаррам Раҳмонова барои ман доимо намунаи ибрат буд. - гуфт собиқадори маориф, бонуи фаъоли саҳнаи сиёсату ҷамъият Муҳаббат Аҳророва, - Аз бахти апаам, ки Тоҳирмуаллим барин сарвару саробон доштанд, шодӣ мекардам. Чӣ илоҷ, ки умри муаллим кӯтоҳ будааст. Ба қавли Хайёми бузург:
Якчанд зи кӯдакӣ ба устод шудем,
Якчанд зи устодии худ шод шудем.
Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид,
Аз хок дарафтодему бар хок шудем.
Ёди чунин инсони покизасиришт солҳои тӯлонӣ аз дилу дидаҳо сутурда намешавад. Бигзор хонаи охираташ обод бошад!.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.