Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАЛАМИ ТИЛЛОИИ «ОВОЗИЁН»

Дар яке аз субҳи бо сафои баҳорӣ занги телефони дастии яке аз фидоиёну ҷонсӯзони матбуоту адабиёт дар Самарқанд Озод Ҳамидзода баландтар садо дод. Ё ба назараш чунин расид, ки овози баландгӯяки он хеле боло шудааст...

Ассалому алайкум, субҳатон ба хайр бод! – тугмаи алоқаро пахш намуда, ҷавоб дод вай.
- Ваалайкум ассалом, субҳи шумо низ файзбор! Ман Шоҳқаҳҳор Салимов ҳастам аз Тошканд, шинохтед?
- Албатта шинохтам устод, аз кумитаи матбуоти ҷумҳурият Шоҳқаҳҳори Муҳаббатзод.
- Бале, ранҷҳотон дар ҷодаи рӯзноманигорӣ, сарварии нашрия ганҷ овард. «Овози Самарқанд» соҳиби «Олтин қалам» шуд. Рӯзҳои наздик сармуҳаррири кунунии рӯзнома Баҳодур Раҳмонов дар ҷамъомади бонуфуз онро аз дасти доварон мегирад. Мехостам дар ин ҷашнвора Шумо низ ширкат варзед...
- Ба хайр бошад, устод, муборак бод. Фаромӯш намесозам, ки барои ин дастовард чанд сол боз баробари мо шумо низ часпу талош доштед.- аз хурсандӣ бо ҳаяҷон ҳарф оғоз кард Озодҷон.
- Додарам, бастаи «Овози Самарқанд» дар солҳои 2011-2016 дар утоқи кории ман маҳфуз аст. Вақти пешниҳоди материал аз он баста фаровон истифода бурдем. Тарзи банду баст, услуби навишт, забони шевову бурроро нишон додем. Гӯиё ин лаҳза шумо муҳаррики «Овоз»-ро тасфон нигоҳ доштед ва бо каромати худованд он муҳаррик «Овоз»-ро парвоз бахшид. Замона имкони худшиносӣ ва худогоҳӣ дод.
- Устод, шумо муболиға мекунед. Сарварии ман дар идораи «Овози Самарқанд» агарчӣ пурбор буд, аммо бобарор набуд. Анҷоми хубу гуворо насибам нашуд.- оҳи бадарде кашид О.Ҳамидзода.
- Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи паи он саҳаре ҳаст! – фармудаст Зебуннисо. Корномаи шуморо халқи худшинос ва муштариёни асили рӯзнома медонад. Бунёдкориҳое, ки дар бино шуд, ороишоти дохили идора, интихоби кадрҳо, шароити кормандон ин ҳама осон набуд. Ёд доред, ки гурӯҳи рӯзноманигорони форсизабони ҷаҳон дар намоишгоҳи нашрияҳо «Овози Самарқанд»-ро дар ҷои олӣ қарордод карда буд… Ҳамааш хуб буд, боз беҳтар мешавад...
Озод Ҳамидзода ба Шоҳқаҳҳори Муҳаббатзод ташаккур изҳор намуду ба сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов занг зада, ӯ ва ҷамоаи мушкилписанду дардошнояшро муборакбод гуфт.
...Ва ӯ ба он рӯзгор, ки нахустқадамро ба идораи «Овози Самарқанд» ниҳода буд ва таи 23 сол аз устодони соҳа Нор Остонзода, Хурсанд Ҷумъа, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Ӯктам Иброҳим, Шоиста Аббосова, Тошқул Азимзода, Шавкати Баҳром, Тоҳир Фаттоҳзода, Ғафурҷон Маҳмудов, Мирсафо Камолӣ, Шӯҳрати Ҳусейн, Асадуллоҳ Исмоилзода, Солеҳҷон Яҳёев, Файзулло Нарзуллоев ва дигарон чӣ омӯхт ва кадомин амалро ба кор бурд, гӯиё сайр намуд.
- Роҳбарӣ дар даврони муаллими шодравон Нор Остонзода ва ҳам олими адабиётшинос, марҳум Ғафурҷон Маҳмудов осон набуд. Ин бори гарони сарварӣ ва масъулияти басо нуктасанҷӣ баъди аз олам бармаҳал чашм пӯшидани устод Ғафурҷон Маҳмудов бар дӯши Озодҷон афтод.
Ва оғоз ёфт ҳама он радду бадал ва шӯру мағалҳо. Хариди ускунаҳои замонавии табъу нашр, мизу курсиву ҷевонҳо, зиёд кардани маоши кормандон, таъмири босифаттарини бинои идораи рӯзнома, таҳияи намоишномаи девории кормандони дирӯзу имрӯзи аҳли рӯзнома, ташкили «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» ҳамаи ин машаққати зиёде дошт. Рост меомад, ки бо дӯстони ҷонитарин низ баҳсу талош намояд. Ва ин қалами тиллоиро Озод Ҳамидзода ба сари синаи ҳамаи онҳое, ки дар он солҳо бо ӯ буданд, сидқан ва бараъло мебинад.
- Кош ин рӯзҳоро Нор Остонзода, Ғафурҷон Маҳмудов, Зиё Носир, Акбар Пирӯзӣ, Муртазо Тоҷизода, Ширин Амонов ва Шавкати Баҳром медиданд. Сипос бар заҳмати меҳнатқаринон ва дарёдилу некхоҳон Бахтиёри Ҷумъа, Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳӣ, Шӯҳрат Аноров, Асадулло Шукуров, Тошқул Азимзода, Акбар Маҳмудов, Икром Ортиқов, Нӯъмон Маҳмудов, Мустафои Вафозод, Дилрабо Насимӣ, Дилафрӯз Облоқулова, Дилдора Ҳалимова, Қудрат Тӯраев, Дамир Нуров, Ҷамшед Обидов, Хироҷ Раҳмонов, Фозил Шукуров, Сироҷ Раҷабов, Раҳматилло Шарифзода, Бокир Абдуллоев, Сафия Насриева, Шаҳноза ва Азиза Ҷӯрабоева, Азамат Аминов, Муайяна Хоҷаева, Шаҳло Аҳророва, Амина Шарофиддинова, Муқимҷон Орифӣ, Нормурод Каримзода, Аслиддин Қамарзода, Толиб Юнусзода, Латиф Раҳимӣ, Хуршед Маҳмудов ва дигарон, бод, ки «Овоз»-и мо овозадор шуд. Ва соҳиби қалами тиллоӣ гардид.
Ҳоло аз тариқи рӯзнома қаламиҳои Фаридуни Фарҳодзод, Фозил Шукурзод, Ҷамшеди Асрор ва бахусус, хатмкардагони мактаби маҳорати «Овози Самарқанд»-ро хонда, дил пур мешавад, ки рӯзнома ҷовидона дар ҳаракат аст.
Умри дароз ва қалами тиллоӣ муборак бод, ҳамкасбони азиз! – мегӯяд Озод Ҳамидзода.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА
дар акс: Сармуҳаррири
«Овози Самарқанд» Баҳодур РАҲМОНОВ бо қалами тиллоӣ


Последнее редактирование: 03/07/2018 15:57;   Просмотров: 1149
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку