Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЛВИДОЪ, ТОҶВИРУС!

Достон

Наям фориғ зи доғу дарди айём,
Гаҳе талху гаҳе ширин бувад ком.
МУАЛЛИФ

Алвидоъ, эй зарраи бас шумқадам,
Аз ниятҳои бадат дил пуралам.
Гарчӣ дар илм омадӣ чун тоҷдор,
Аз дигар ҳамҷинси худ бадтар чу мор.
Ҷой меҷӯӣ ба ҷисми одамон,
Бигзарӣ аз кас ба кас худ ногаҳон.
Ҳафтаҳо нохонда "меҳмонам" будӣ,
Оташи сӯзанда дар ҷонам будӣ.
Аз ту беҳад ранҷу озоре расид,
Як ҷаҳон сарсониҳо омад падид.
Аз куҷо чун шарпае пайдо шудӣ,
Ноаён бар мулки мо "шайдо" шудӣ.
З-одамон пур шуд карантинзонаҳо,
Бо ҳақиқат ҷӯр шуд афсонаҳо.
Марду зан, хурду калон овораанд,
Дур зи пайвандони худ бечораанд.
Ё падар, ё модар аз даргоҳ дур,
Ё ки духтар, ё писар дур аз сурур.
Ин чӣ гап, эй офати аҳли ҷаҳон,
То ба кай ҳукмат раво бар одамон?!
Аз ситамҳоят дилам гирён бувад,
Ҳамчу кӯдак дидаам ҳайрон бувад.
"Гоҳ мондам ҷони худро бар гарав,
То кушодам бо машаққат роҳи нав" (Саидалӣ МАЪМУР)
Сӯзам аз дастат чу мӯ дар оташе,
Дил ҳаросон аз адӯи саркаше.
"Якзабонӣ баҳри миллат кам бувад,
Зиндагӣ бе якдилӣ мотам бувад" (М.МИРШАКАР)
Ғуссаҳоят чораандешам кунад,
Ҳам шифокор холӣ аз решам кунад.
"Талх ширинро муайян мекунад,
Кӯҳна наввиро музайян мекунад." (Доро НАҶОТ)
Ҳалқаҳои занҷирем бас устувор,
Халқи дунёдидаем бас пойдор.
Панҷаҳо гар мушт гардад, бок нест,
Ҷав нарӯяд, дон агар дар хок нест.
"Гар набудӣ нолаи найро самар,
Най ҷаҳонро пур накардӣ аз шакар" (Ҷ.РУМӢ)
Муттаҳид бояд шавем дар корзор,
Иттиҳод аз мову бахт аз Кирдигор.
Эътимод дар мо агар бошад қавӣ,
Раҳ намеёбад ба дил ноодамӣ.
"Гуфт пайғамбар, ки Яздони маҷид,
Аз паи ҳар дард дармон офарид". (Ҷ.РУМӢ)
Гӯш ба оёти Худо ҳастему бас,
Дил ба дархости Худо бастему бас.
Эй балои носазоям, алвидоъ,
Кош, бошем мову ту аз ҳам ҷудо!

РУҶӮЪИ ЛИРИКӢ

(Ғазал)

Нишастан, зиндагӣ дар хонадон низ қаҳрамонӣ шуд,
Тамосу иртибот онлайн ё худ инзамонӣ шуд.
Маҷӯ роҳу равиш дар боби берун рафтан аз манзил,
Мулоқот, ошноӣ то ба ҳадде телефонӣ шуд.
Гурез аз гуфтугӯ ё хуфтухоби бесарусомон,
Бубин, шарту шароитҳои нодир армуғонӣ шуд.
Шавем якҷону яктан дар масофи рӯбарӯ бо ғам,
Расид пайғоми нек аз ҳар тараф, бас шодмонӣ шуд.
Шифои комил аз Оллоҳи бахшоянда мехоҳам,
Ки мардум бо сиҳатмандӣ сазои комронӣ шуд.
Заволи нотавонӣ мебарад моро ба сӯи ишқ,
Биё, эй ормони дил, ки бахтам ҷовидонӣ шуд.
Сафои рӯзгорон дар вафои дӯст мебинам,
Нафасҳои ғанимат сарфи роҳи дилситонӣ шуд.
Аз карантин мо чиҳо омӯхтем:
Интизоми бебаҳо омӯхтем.
Нест кардем турфа майли пурҳавас,
Некӣ бар хеш - ақрабо омӯхтем.
Рӯзу шаб парвона бар маъвои худ,
Илми парҳез аз бало омӯхтем.
Гӯш кардемаш хабарҳои Садо,
Ҳикмат аз акси Симо омӯхтем.
Бе китоб чун моҳии беоб мо,
Панди Хайёму Сино омӯхтем.
Кор кардем дар замини ҳавлӣ хуб,
Кишти нахлу сабзаҳо омӯхтем.
Бо зану фарзандҳо якҷону тан,
Эҳтироми рафтаҳо омӯхтем.
Пора хоҳем кард қулфи ғуссаро,
Нуктаҳои дилкушо омӯхтем.
Шукри ин даврони хуррам мекунем,
Қадри даври босафо омӯхтем.
Тарк кардем рафтуои носазо,
Шоҳроҳи муддао омӯхтем.
Бигзарем аз имтиҳони сахтиҳо,
Сабри том аз анбиё омӯхтем.
Боз ояд рӯзгори чун шакар,
Талхиҳои бебақо омӯхтем.
Бишканем ҳар садди мушкил бегумон,
Арҷи хеш аз кибриё омӯхтем.
Ҷадди мо бисёр кулфат дида буд,
Роҳи эҳё аз ниё омӯхтем.
Ақли моро аҳли дунё тан гирифт,
Олами хеш аз баҳо омӯхтем

Нормурод КАРИМЗОДА

(давом дорад)


Последнее редактирование: 20/05/2020 16:45;   Просмотров: 738
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку