Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЛВИДОЪ, ТОҶВИРУС! - 3

Достон

РУҶӮЪИ ЛИРИКӢ
Дар баҳори ёдмони соли Муш,
Одамонро бори андӯҳ шуд ба дӯш.
Ногаҳонӣ барф омад, барфи тар,
Боғу роғ аз дасти сармо дид зарар.
Себу гелос гашт аз борон талаф,
Зери селоб монд, э воҳ, ҳар тараф.
Халқи бисёр шуд яқин бехонумон,
Хонаҳоро тарк карданд одамон.
Аз куҷое шуд ҳувайдо як бало,
Тоҷвирус ном бигрифт он вабо.
Мубталои дарди вазнин шуд башар,
Аз чунин дард алҳазар, сад алҳазар!
Тӯю сур ҳам рафт аз ёд, аз макон,
Гашт пинҳон бо ниқоб биннӣ, даҳон.
Дастфишорӣ ёфт мӯди тозае,
Рафтуо монеъ дар ҳар ҷодае.
Нақлиёт аз кору бораш мосуво,
Зиндагонӣ шуд қариб мотамсаро.
Ёфт осеб аз карантин рӯзгор,
Субҳу шом мардум шуд охир беқарор.
Базму идро ёд кардем бегумон,
Шодмонӣ месазад дар ин макон.
Кош бошад ҳар куҷо як мушгирак,
Муш наояд худ ба худ назди пишак.
Кош парронем мушак дар рӯзи ид,
Кош ояд тез-тез рӯзи саид.
Муш набошад, пур шавад анбори мо,
Калламуш ҳам душмани маккори мо.
Соли Муш ҳарчанд пурғавғо бувад,
Дар назар пурҷӯш чун дарё бувад.
Мисли Муш ҳушёр будан беҳтар аст,
Одам аз Муш дар тафаккур бартар аст.
"Ҷӯй бар ҳар мушкиле тобоварӣ,
То мазиди баҳраҳо аз он барӣ.
Дар талоши зиндагонии накӯ,
Барқсон биштоб, оромӣ маҷӯ" (Аз А.Қодирӣ)
"Донишат ҳамчун чароғи рӯзгор.
Пилтааш равғанталаб, дар ёд дор"
(Аз М.Миршакар)

БА ХОДИМОНИ САВДО
Аё дилдодагони касби савдо,
Бубахшам бар шумо шеъри гуворо.
Чӣ хел зебост одоби мулоқот,
Ки бод арзандаи таҳсин, мукофот.
Ба мардум мерасонед нозу неъмат,
Ки истеъмоли он бахшад ҳаловат.
Надоред чашми бад бар ҳаққи мардум,
К-аз ин рафторатон дил мезанад гум.
Хиёнат бас убол бар сангу порсанг,
Ба ин кор раҳ диҳад номарди бенанг.
Худо ҳам норизо аз кори ноҳақ,
Гуноҳаш бас гарон, ай дӯст, бешак.
"Касе к-ӯ пеша кард озори мардум,
Ба маънӣ бартар аст аз мору каждум".
(Аз Носири Хусрав)
Касод орад яқин қиматфурӯшӣ,
Ки охир ҷомаи лаънат бипӯшӣ.
Дуои хайр дар кори савоб аст,
Чунин рафтори хуш таърифбоб аст.
Карантинро макун ҳаргиз фаромӯш,
Ту бо нархи гарон ҳар чиз мафрӯш!
Ки бар халқи худат хоин нагардӣ,
Агар дасту дилат бикшоӣ, мардӣ!

БА ВАЙРОНКУНАНДАГОНИ
ТАРТИБОТИ КАРАНТИН
Худоё, хулқи бад кай мешавад гум,
Чаро, то кай аз он дилпора мардум.
Ба сар орад ҳазорон ранҷу кулфат,
Карантинро надорад майли тоқат.
Алайҳи он ба по бархест гӯё,
Ба бадкорон низоме нест гӯё.
Наметарсанд аз давлат, ҷамоат,
Ба онон беписандӣ гашт одат.
На бар шарти ниқоб ихлос доранд,
Ба ҳар амре "нигоҳи хос" доранд.
Куҷо он сабру тамкин, бурдборӣ,
Куҷо азму шуҷоат, ҷоннисорӣ.
Ба берун мезананд аз хона худро,
Набӯянд аз ҳазораспанд дудро.
Ба ҳар ҷо бесабаб дар рафтуоянд,
Аз ин хел рафтуо душман ба моянд.
Ватан аз ҷоҳилон хотирпарешон,
Кай ин фарзанди бад гардад пушаймон?!
"Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ,
Чи дар саҳро, чи дар хилват, чи дар роҳ"
(БЕДИЛ)
Ба онон ҳайф ин даври амонӣ,
Таассуф бод бар ин навҷавонӣ.
Ба ҳар кунҷу канори кӯча то кай,
Гирифторанд бар май, доди "ҳай-ҳай".
Надорад умрашон маънову мазмун,
Зи рангу бӯй холӣ ҳамчу ҳомун.
Шумо, эй ғофилон, худ аз куҷоед?
Зи доми бехудӣ кай мебароед?
Падарҳои шумо ҳастанд ё на?
Ба насли хеш дил бастанд ё на?
Чаро аз бахти комил мосувоед?
Чаро аз халқу ҷамъият ҷудоед?
Шумо ҳам мубталои дарди ғафлат,
Шумоед ақрабои аҳли ғурбат.
Худо рӯзе диҳад инсоф, илоҳо,
Раҳо созад зи роҳи бад шуморо!

ДАР ХОНА МОНЕД
Балогардони мо, дар хона монед,
Давои сад бало, ҳамхона монед.
Шумо шамъеду равшан хонадон аст,
Чу як дилсӯз бо парвона монед.
Сухан гӯед аз дунёи маънӣ,
Ба гӯшам ҳалқа чун дурдона монед.
Дар ақсои басе афсонапардоз,
Мукаррам, дилнишин, фарзона монед.
Наед аз зумраи ноошноҳо,
Ки гӯям дар сафи бегона монед.
Худоё, роҳи моро кун мунаввар,
Илоҳо дур зи ҳар "корона" монед.
Чӣ мегардед паи ҳою ҳавасҳо,
Биёед, дар бари ҷонона монед.
Бихонед шеъру чангу уд навозед,
Даме бо мо шавед, аз мо намонед.

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 07/06/2020 12:28;   Просмотров: 728
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку