Имрӯзҳо селу боронҳо пай дар пай мебораду аз сабаби эълон карда шудани карантин мо асосан хонашинӣ кунем, ки ходимони шӯъбаи вазъиятҳои фавқулодда хизмати худро аз рӯйи реҷа пеш мебаранд. Онҳо шабу рӯз ба иҷрои вазифаҳои худ ҳозиранд. Мо оиди хизмати онҳо бо ҷонишини сардори шӯбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳия Маъруф РАҲМОНҚУЛОВ сӯҳбате оростем.
-Ҳар лаҳзаву ҳар соат воқеаи нохуш ва ё ҳодисаҳои фавқулодда рӯй доданаш мумкин аст. Бинобар ҳамин, Шумо дар чунин вазъиятҳо ҳамеша ба ёрирасонӣ бояд тайёр бошед?
-Албатта. Дар давраи карантин мо аз рӯйи реҷаи пурзӯргардондашудаи хизмат фаъолият мебарем. Дар қисми рақами 21-и наҷоти сӯхтори шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи мо 48 нафар ходимон хизмат мекунанд. Ҳамаи онҳо аз такмили маҳорати касбӣ гузашта, вазифаҳои худро аз таҳти дил ба ҷо меоранд. Онҳо вазъияти имрӯзаро ба хубӣ ҳис мекунанд ва аз рӯйи қоидаҳои карантин амал менамоянд. Масалан, баъди аниқ шудани сироятёбии вируси тоҷдор аз номи раиси Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Талибарзу С.Баҳромов муроҷиат расид, ки баъзе хонадон ва кӯчаҳои маҳалларо дезинфексия кунем. Ходимони қисм ба ин маҳалла рафта, тадбирҳои дезинфексионӣ гузарониданд. Чунин корҳои безараргардонӣ дар маҳаллаҳои Шӯрбоича, Даштиобод, Гулбоғ, Чумчуқлӣ, Бадал, шаҳраки Гулобод низ гузаронида шуданд. Ин гуна корҳоро дар маҳаллаи биноҳои бисёрошёнадори Паррандапарварон низ ба ҷо овардем.
-Дар гузаронидани ин чорабиниҳо киҳо бештар ҳисса гузоштанд?
-Дар ин чорабиниҳо бо сардорони сменаҳои Шероз Сафаров, Бахтиёр Ашӯров ва ходимони онҳо Суръат Сиддиқов, Ҷамол Азимов, Фирӯз Худойқулов, Фарҳод Раҷабов, Ҳафиз Саидов, Ҷӯрабек Мустафоев, Фазлӣ Насриев, Умед Тилавов ва дигарон саҳми муносиб гузоштанд.
-Боронгариҳои бисёр ҳам оқибати хуб надоранд. Оё дар ин бобат ҳам ба шумо муроҷиатҳо шуданд?
-Дар ҳақиқат, имсол нисбат ба солҳои пеш селу борон бисёртар меборад. Баъзе одамони худхоҳ, ки ҷӯйҳои обгурезро гӯр кардаанд ва ё ин хел ҷойҳоро ба ҳисоби ҳавливу замини худ ҳамроҳ намудаанд, оби селу борон кӯчаҳоро пур карда, ба ҳаракати нақлиёт хавфу хатар ба вуҷуд меорад ва ё ба ҳавлиҳо даромада, ба таҳхонаву пойдеворҳои манзили мардум таҳдид менамояд. Дар ин хел вазъиятҳо одамон ба мо занг мезананд. Мо ба наҷот додани манзилу хонаву ҷойҳои онҳо мешитобем. Масалан, дар ҳамин чанд рӯзи гузаштаи моҳи май ба бисёр маҳаллаҳо сафарбар кардани хизматчиёнамон рост омад. Дар рӯзҳои боронгарии сахт се ҳавлии маҳаллаи Чумчуқлиро об зер кард. Мо зуд рафта, оби даруни ҳавлии онҳоро кашида, пеши хатари обзеркуниҳоро гирифтем. Дар деҳаи Бӯзӣ се ҳавлӣ, дар маҳаллаи Деҳнав панҷ ҳавлиро низ аз хатари обзеркунӣ наҷот додем. Ин хел обзеркуниҳо дар маҳаллаҳои Андиҷонӣ, Шалғамон, Шӯрбоӣ ва ғайра низ ба амал омаданд.
Баъди иҷрои ин гуна корҳо сокинони чунин хонадонҳо оҳи сабуке кашида, ба кормандони мо миннатдорӣ баён мекунанд. Аз ин, албатта мо ҳам хурсанд мешавем.
Мусоҳиб
Б.ҶУМЪАЕВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.