Ёд дорам, оғози солҳои 80-уми асри гузашта буд. Теъдоди нашри рӯзномаи "Шарқ тонги" беш аз даҳ ҳазор нусха буда, дар байни муштариён нуфузи хосса дошт.
Роҳбари собиқи ноҳия Раҳматулло Абдуллоев (Илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) марди қатъӣ, ҷиддӣ ва серталаб буд. Вай аз муҳаррири рӯзнома раҳматӣ Насриддин Зайниев талаб мекард, ки камбудиҳо дар рӯзнома чоп шавад. Як дафъа супориш дод, ки аҳволи ночори фермаи чорвопарварии хоҷагии ҷамоатии "Ғалаба" аксбардорӣ шуда, дар рӯзнома дарҷ гардад. Аксбардор марде буд, якрав, худписанд, беандеша. Аз чӣ бошад, супориши фармудаи райкомро (кумитаи ҳизби ноҳия) иҷро накард. Р. Абдуллоев амр дод, ки аксбардор ё муҳаррир аз вазифа сабукдӯш хоҳанд шуд. Бечора Н.Зайниев, ки инсони ниҳоят хоксор, вазифашинос буд ва ҷуръати ба муқобили "ҷараён" рафтан надошт, ҳайрон монд. Вай ба аксбардор камбудиашро гуфта буд, ки ӯ намоишкорона аз вазифа рафт.
Таҳририят чанд муддат аз хизмати фотомухбирони ҷамоатӣ чун Низомиддин Амриддинов, Юрий Бондюков ва дигарон истифода бурд.
Он айём камина дар ӯҳда вазифаи муҳаррири радиошунавонии ноҳияро дошта, бо рӯзнома ҳамкорӣ мекардам. Аз ташвишу таҳлукаи муҳаррир огоҳӣ ёфта, таклиф кардам, ки ҳамсинфам, дӯсти ҷавониам Шавкат Сафотиллоев аксбардори касбӣ аст ва агар ӯро ба кор гирад, муаммо ҳал мешавад. Вай розӣ шуд ва Шавкат ба кор омад. Бо супориши муҳаррир ҳар ду дар ҳар мавзӯъ гузориш таҳия намуда, ҳамкориамон то дами вопасини умри аксбардор идома ёфт.
Шавкат дар тӯли беш аз бист сол ҳамчун аксбардор хизмати шоиста кард. Вай ба маънои том таърихнависи ноҳия шуд. Шояд ҳоло дар бойгонии ӯ садҳо аксҳои нодир маҳфузанд. Вай ғайр аз кори рӯзнома роҳбари маҳфили "Аксбардорони наврас"-и Маркази табиатшиносони ҷавони вилоят буд. Ҳоло шогирдони бешумори ӯ дар соҳаҳои гуногун адои вазифа мекунанд.
Муҳимаш, бо ҳамсари меҳрубонаш, шифокор М.Ашӯрова панҷ нафар фарзандонро ба замона хос таълиму тарбия дод. Қариб бист нафар набераҳо ворисони муносиби сулолаи Сафотуллоевҳо ҳастанд.
Сад дареғо, ки Шавкат хеле барвақт дунёи фониро падруд гуфт. Аммо ҳар сол дар рӯзҳои ҷашни иди ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ номи неку кори неки ӯ ба хотир оварда мешавад. Шайх Саъдии Шерозӣ гуфтааст:
Номи некӯ гар бимонад з-одамӣ,
Беҳ к-аз ӯ монад сарои зарнигор.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Дар акс: шодравон Шавкати
Сафотиллоҳ бо ҳамкасбон. Соли 1985
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.