Мувофиқи Стратегияи ҳаракатҳо оиди таъмини ривоҷёбии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар бештари сохторҳо дигаргуниҳо ба амал омад. Ин масъулияти мутахассисони соҳаро зиёд гардонида, ҳамкории ташкилотҳоро мустаҳкам намуд. Мо оиди аҳамият ва иҷрои Стратегияи ҳаракатҳо бо раиси шӯъбаи ноҳиявии Бунёди хайриявию ҷамоатии “Маҳалла” Зебинисо ШОДИЕВА ҳамсӯҳбат шудем.
- Зебунисо Нормаҳмадовна бигӯед, ки аз байн рафтани Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо бар зиммаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо чӣ гуна вазифаҳо гузошта шуд?
- Дар ноҳия 77-то маҳалла мавҷуд буда, ҳар кадоме соҳиби мӯҳру тамғаанд. Танҳо панҷ маҳалла – Саримазор, Навобод, Наврӯз, Ипакчи ва Чакка ба таври ҷамоатӣ фаъолият мебаранд. Барои ба аҳолии ҳудуд хизматрасонии маҳаллаҳо бо воситаҳои техникӣ таъмин гардидаанд. Ҳоло масъулияти ин идораҳо боз ҳам афзудааст. Бо ҳамкории як қатор ташкилотҳо барои ба амал ҷорӣ гардонидани вазифаҳои дар Стратегияи ҳаракатҳо овардашуда кӯшиш дорем.
- Дуруст гуфтед, ки барои амалигардонии ниятҳои нек ва пешравии кор ҳамкорӣ зарур аст. Зеро аз як даст садо намебарояд...
- Албатта. Ташбеҳи муносиб ёфтед. Мо намояндагони ташкилотҳои Ҳаракати иҷтимоии ҷавонон “Камолот”, кумитаи занону духтарон, шӯъбаи корҳои дохилӣ, Бунёдҳои “Нуронӣ”-ву “Маҳалла” ҳамкори доимием. Ҳамкорӣ самараи хуб медиҳад. Муаммоҳои мавҷуда дар якҷоягӣ ҳал мегарданд.
- Бештар ба кадом масъалаҳо эътибор дода мешавад?
- Кор бо хатмкунандагони коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ ва мактабҳои таълими умумӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, ба эътибор гирифтани муҳоҷирон ва аз сафари хориҷи кишвар баргаштагон, масъалаҳои динӣ вазифаҳои асосии мост. Дар якҷоягӣ тадбирҳои гуногун мегузаронем.
Ҳамаи ҳаракатҳоямон барои ҳаёти фаровони аҳоливу хушбахтии оилаҳо ва сулҳу осоиштагии мамлакат аст. Ватан аз оила оғоз меёбад. Агар оила тинҷ бошад, маҳалла обод ва мамлакат фаровон мешавад.
Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.