Дар мактаби таълими умумии рақами 16 дар мавзӯи "Вазифаҳои зарурии амалишаванда дар доираи ҳамкории оила- маҳалла-муассисаи таълимӣ дар мактабҳои таълими умумӣ" семинари илмиву амалӣ баргузор гардид.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ҷонишини мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия М.Акрамов кушод.
Дотсенти кафедраи методикаи фанҳои иҷтимоиву иқтисодии Донишкадаи бозомӯзи ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқи вилоят К.Ҳайдаров дар мавзӯи "Ҳамкории оила, маҳалла ва муассисаи таълимӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ" маърӯза намуд.
Ҷонишини директор доир ба корҳои маънавияту маърифати мактаби рақами 16 Ф.Аҳмадова дар бораи таҷрибаи кориаш сухан ронд.
Дар саромади саҳнавии хонандагони мактаб урфу одат, анъана ва арзишҳои миллӣ акси худро ёфта буд.
Дар охир, иштирокдорон оиди мавзӯъ фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён намуданд.
Н.КАРИМЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.