Раванди тарбияи ахлоқӣ мураккабию душвориҳои ба худ хос дорад. Ин душворӣ аз бисёр ҷиҳат ба мувофиқат накардани тарбияи мактабӣ бо тарбияи оилавӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар тарбияи маънавии бачагон ҳамкории мактаб ва оила нақши ҳалкунанда мебозад. Бо падару модарон корҳои мунтазами педагогӣ гузаронидани мактаб шарти муҳими барор гирифтани корҳои тарбиявиву ахлоқии талабагон мегардад. Домани тарбияи ахлоқӣ хеле фарох аст. Роҳбари синф, сардорони муассисаҳо бояд ба он кӯшиш намоянд, ки нормаҳои ахлоқии ҷавононро ба воситаи амалиёти ибратбахши худи рафиқонашон ислоҳ намоянд. Ба ҳар як рафтори ҷавонон аҳамият додан, хусусияти индивидуалии онҳоро дар машғулиятҳо омӯхтан ва муносиби феълу атвори ҳар кадом муносибат кардан боиси баланд шудани маданияти ахлоқии ҷавонон мегардад.
Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар, ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд, ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд, вазифаҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ӯҳдадориҳои омӯзгор, ва ғайра дар Ӯзбекистони мо бо қонунҳои махсус муайян гардидааст.
Тарбияи ахлоқии ҷавонон дар мактаб ва оила бояд дар маркази диққати доимии омӯзгорон ва падару модарон бошад. Дар тарбияи ахлоқӣ ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷамъият шарти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ақидаҳои ахлоқии ҷавонони имрӯза дар ҷараёни фаъолияти якҷояи барпо намудани базаи моддию техникии ҷамъиятӣ боз ҳам инкишоф меёбад. Вазифа ва мазмуни нормаҳои ахлоқ дар тарбия аз он иборат аст, ки мактаббачагонро муттасил дар руҳи ватандӯстӣ - интернатсионалистӣ, миллатдӯстӣ тарбия намоем. Ба амал баровардани меъёрҳои ахлоқӣ дар асоси талабҳои ҷамъиятӣ моро вазифадор менамояд, ки ҷараёни ташаккули рафтору кирдори ҷавонон дар заминаи ҷамоавӣ ёрии ҳамдигарии рафиқона такомул ёбад.
Вазифаи муҳими мураббиён ва падару модарон дар тарбияи ахлоқии хонандагон аз он иборат аст, ки ҳисси садоқат ба халқу ватан, дӯст доштани аҳли меҳнат, тайёр будан ба корнамоию фидокориҳо дар онҳо мунтазам талқин кардан аст. Омилҳои таъсири тарбияро дар ду ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст. Аввалан, онҳо аз таҷрибаи ҳаёт гирифта мешаванд, ки ба он оила аҳли ҷамъият ҷамоаи хонандагон ва муҳити зист дохил мегарданд. Омили дуюм, тарбияи мактаб аст, ки он бевосита аз рӯи нақшаву барномаи муқаррар шуда таъсири тарбиявии худро мегузаронад. Дар олами маънавии ҳаёти ҷавонон на ҳама вақт хислатҳои нек аз бад фарқ карда мешавад, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ботамкинӣ, худдорӣ, қавииродагӣ барин сифатҳои ахлоқиро ба онҳо хотиррасон намудан зарур аст. Маънои некӣ ва бадиро на ҳама дуруст мефаҳманд.
Муносибати наврасон ба меҳнат гуногун аст. Як гурӯҳи онҳо бештар табиати дилраборо дӯст медоранд, дигаре ба меҳнати бунёдкорона шавқу завқи зиёд дорад, дар ду ҳолат ҳам наврасон бештар ба калонсолон тақлид мекунанд, симои аҳли оиларо дар меҳнату ҷамъият инъикос менамоянд. Бояд падару модарон, бародару хоҳарон бо рафтори неки худ ба бачагон ибрат нишон дода, онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ бой гардонанд, аз ин рӯ, хушахлоқӣ дар ҳама гуна рафтори калонсолон шарти муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Қайд кардан лозим аст, ки фарзанд бояд самимияти оиларо доимо ҳис намояд. Таъсири тарбия дар он вақт пурзӯр мегардад, ки мураббӣ дар назди тарбиятгирандагони худ мақсадро конкретӣ гузошта тавонад. Агар кори тарбиявӣ талаботи руҳии бачагонро қонеъ гардонад, онҳо симои худро дар маҳсули кори худ дарк намуда, тарбиятгарро ба мақсади худ пурра ноил мегардонанд. Дар тарбияи ахлоқии хонандагон анъана, ибрати шахсӣ аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.
Комилҷон ТОҲИРОВ,
собиқадори ифтихории таълими халқи
Ҷумҳурияти Ӯзбекистон
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.