Мазори файзосори Хоҷа Кафшер ҷасади бузургони зиёдеро дар оғӯши хоки поки худ гирифтааст. Каси зиёраткунанда аз сангу катибаҳои рӯи қабр ва сурати марҳумон дарк месозад, ки аксари майитон дар вақти зиндагӣ корномаҳои зиёдеро ба нафъи халқу ватан анҷом додаанд. Дар ин маврид Лоиқи зиндаёд низ хуб фармуда:
Баъди хуфтани ман дар мазор мефаҳмед,
Ки хоксори шумоям, ҳам ифтихори шумо.
Қабри Миробид Оқилов дар самти ҷанубии қабристон қарибии оромгоҳи пурфутӯҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ, лаби ҷӯю гузаргоҳи қадим ҷой гирифтааст. Наққоши суратгари рӯйи санг чеҳраи ӯро басо назаррабо ҳаккокӣ кардааст. Гӯё Муллоамак (мардуми деҳаҳои Ӯрташиқу Кӯйи Сахо чунин ном мебурданд) ҳанӯз дар қайди ҳаётанд.
Зиндагиномаи Миробид Оқилов аз лаҳзаҳои пуртазоди рӯзгор иборат буд. Ӯ 21-уми марти соли 1917 дар гузари Чақари шаҳри Самарқанд дар оилаи марди косибу нонвой Усто Оқил ба дунё омадааст. Падари меҳнатиаш баробари дар шаҳр дӯконе доштан аз деҳа низ пораи заминеро соҳиб буд. Маҳсулоти зироатиро асосан аз замини деҳ мерӯёнид. Қитъаи замини Усто Оқил ба ҳисоби истироҳатгоҳи "Қизилқӯрғон" гузашт. Аниқтараш дар қисми паҳнову зебо, пурдолу дарахти маҳали Ӯрташиқ истироҳатгоҳи "Қизилқӯрғон"-ро бунёд намуданд. Миробиди наврас аз боғбонҳои аввалини ҳамин истироҳатгоҳ ба шумор мерафт. Маҳз дар ҳамин истироҳатгоҳ касбу камол намуд. Ба вазифаи мудирии корҳои хоҷагии истироҳатгоҳ лоиқ диданд. Вақте ки Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ эълон гардид, ӯ аз аввалинҳо шуда, ба ҳимояи ватан шитофт. Нахуст дар шаҳри Каттақӯрғон ҳамроҳи ҷӯраи деҳотиаш Абдурафиқ Саидмуродов курси тайёрии ҳарбиро хонд ва ба майдони ҷанг рафт. Барои озоднамоии Москва, Сталинград ва Украина ҳиссагузорӣ кард. Полки тирандозии рақами 51, ки ӯ тирандози асосӣ буд, доимо дар пеши фронт мегашт. Дар яке аз муҳорибаҳои хунини февралии соли 1944 Миробид Оқилов қариб буд, ки аз ду пояш ҷудо гардад. Сахт захмӣ шуд. Дигар маҷоли гаштан надошт. Бо азобе ба зодгоҳаш баргашт. Сари синаи ӯро даҳҳо ордену медалҳо зеб медоданд. Чун ба Самарқанд омад, роҳбарияти истироҳатгоҳи "Қизилқӯрғон" ӯро боз ба кор гирифт. Истироҳатгоҳ бо диди вай ободиеву оромие ёфт. Дар ошхона маданияти хоси самарқандиёна ҷорӣ гашт. Истироҳатгоҳ, ки дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ эътибори махсус дошт, меҳмонони воломақом ин ҷо меомаданд. Яке аз сиёсатмадорони машҳур, сарвазири Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неру, маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Малиновский, роҳбарони Ӯзбекистон Усмон Юсуфов, Шароф Рашидов ва дигарон аз ҳамсӯҳбатӣ ва ҳамнафасӣ бо Миробид Оқилов хотираҳои худро ба дафтари меҳмонони олиқадри истироҳатгоҳ навишта буданд.
Фаъолияти Миробид Оқилов дар истироҳатгоҳ то соли 1976 давом ёфт. Дар ин муддат бо завҷаи мӯҳтарамааш қаҳрамонмодар Анвара Оқилова соҳиби 11 фарзанд - панҷ писару шаш духтар гардиданд, 42 набера,69 абера, 14 чабера давомдиҳандаи умри бобову бибӣ мебошанд. Ҳамаи фарзандон дар соҳаҳои гуногуни халқ заҳмат кашида, обрӯву эътибори махсус доранд...
Боз ба санги мазори Муллоамак назар мекунем: "Миробид Оқилов 21-уми марти соли 1917- 2-юми сентябри соли 1987".
Имрӯзҳо иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳониро ба ёд меоранд. Чеҳраи нуронии Миробид Оқилов низ рахшандатар ба ёд меояд. Корномаи ӯ бошад, фарзанду атрофиёнашро ифтихор мебахшад. Ёди Муллоамак бахайр бод!
Нормурод КАРИМЗОДА
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.