Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АНГЕЗАҲО ВА АНДЕШАҲО

Фасона гашт ҳадиси Искандар,
Сухан нав ор, ки навро жири ҳаловатест дигар.

– гуфтааст шоир ва файласуфи асри ХII-и тоҷик Ҳоқонии бузург. Дар ҳақиқат аз даври ба сари ҳукумат омадани Президенти ҷадид тарҳу таровати зиндагидорӣ, маънавият ва руҳияти мардум аз нав зинда гардидааст.
Агарчи мо пир гашта бошем ҳам, хотирот, руҳиятамон ва умеду орзуҳои афсурдагардидаамон низ рӯй ба таҷдиду ташуккулёбӣ оварда истодааст. Дар як муддати кӯтоҳ ба миён омадани чандин қонун ва фармонҳои нави Президент Шавкат Мирзиёев дили пиронро мумнун намуда, умеду орзуҳои нав ба навро ба вуҷуд овард. Барои исботи сухан якчанд мисолҳо меоварем:
Дар хонадонҳо ба вуҷуд омадани мурғпоӣ, говмешпоӣ, асалпарварӣ, фермерии заминҳои бекорхобида ва корхонаҳо ба кор омаданаш аз як тараф рӯзгори ҳар фарди кишварамонро пурнозу неъмат карда бошад, аз тарафи дигар тарзи зисти онҳо рӯй ба инкишоф овардааст.
Ба хонаҳо овардани нафақа – пенсияҳо дили пиронро шод мегардонад. Худам бо чашмам дида будам, ки пире дар назди кассаи банк барои гирифтани нафақааш бо чашмони гирён илтиҷо мекард, то ки барои ӯ каме бошад ҳам, пули нақд бидиҳанд. Ё худ барои бенавоён бо нархи арзон додани манзилхона орзуи ҳазорсолаҳо буд.
Зери танқид гирифтани роҳбарон, мансабдорони беистеҳзою танбал асло мумкин набуд.
“Танқид, - гуфт Президент дар яке аз маърӯзаҳояш. – нишони асосии демократия аст. Аз танқид хулоса ва натиҷаи навин ба вуҷуд меояд”.
Танқид кардани кори прокуророни кишвар чандин хонадонҳое, ки дар ҳасрати бо андак хатогӣ зиндонӣ шудаанд, халос кард, дили падару модарҳоро дубора ба зиндагӣ умед бахшид. Чашмони пуробу дили маҷрӯҳи онҳоро даво сохт.
Мактабу маорифро намегӯед, ба мактабҳои олӣ қабул гардидани фарзандони халқ - оммаи донишмандон, ихтирокорони оянда. Дар ҳеҷ як мамлакати ҷаҳон нест ва надидаам. Таҷрибаи самараноки таълим дар мактабҳо, кам кардани маҷлисҳо, беҳуда кӯча ба кӯча гаштани роҳбарони муассисаҳо, фермерон имконияти навини тараққиёт ва маънавии кишварро дар оянда таъмин менамояд.
Як худи аз нав ба мактабҳои миёна ташкил кардани синфҳои 10-11 чандин ҳазорон ҷавонони ватанро аз фаҳш, бетарбиятӣ, бадахлоқӣ нигоҳ дошта, барои рушди маънавияти кишварамон замина ба вуҷуд меорад.
Хулоса, дар тӯли чанд моҳ ба вуҷуд омадани табадуллоти азим дар кишварамон дили мо, пиру миёнсолонро аз нав зинда гардонид, ки бо овози баланд “Зинда бод роҳбари нав, Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев” гуфтаниам. Аз худо барои ӯ тансиҳативу комёбӣ дархост карда, барои тараққиёти кишварамон боз ҳам матонату зиракӣ мехоҳам.
Бо овози баланд гуфтаниям, ки ман акнун аз сари нав зиндагӣ карданро мехоҳам.

Т.ИСКАНДАРӢ, шарқшинос


Дата добавления: 01/09/2017 15:58;   Просмотров: 1278
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку