Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАР РӮЗ ТӮЙ ШАВАД, АММО…

Дар дунё ҳар як халқ арзишу анъанаҳои худро ҳифз намуда, мувофиқи давр ба онҳо амал мекунад. Тӯю маросимҳо низ оинаи арзишҳоямон ба шумор мераванд. Аммо имрӯзҳо он мазмуну моҳияти худро гум кардааст.

Аз ҷониби Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 21-уми июли соли 2015 дар бораи ихчамгардонии тӯю маъракаҳо қарори махсус қабул гардида, чораву тадбирҳо қайд шуда буд. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар давоми даври гузашта корҳои муайян амалӣ гардида бошад ҳам, баъдтар дар ин бобат назорати ҷамоатӣ суст шуд.
Чӣ тавре, ки Президенти мамлакатамон дар ҷамъомади видеоселекторӣ бо зиёиён, ки 3-юми августи соли ҷорӣ гузаронида шуд, таъкид намуданд, тӯй яке аз амалҳои хайр, бунёди оилаи нав аст. Лекин бар ивази қарзи зиёд, аз даст додани саломатӣ ва зарари моддиву маънавӣ кардашуда ба қонун, урфу одат ва шароит рост намеояд.
Имрӯзҳо аксарият ба ҷои духтарашонро соҳибмаълумот гардонидан мехоҳанд зудтар ӯро тӯй кунанд. Дар натиҷа, фарзандашонро бадбахт месозанд.
Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 1343-то оила вайрон шудааст, ки ин нисбати ҳамин даври чоли 2016 284-то зиёд аст. Аз ин ҳар яки мо хулоса бароварда, бояд фаъолону маслиҳатчиёни маҳаллаҳо, вакилони ташкилоти ибтидоии кумитаи занону духтарон якҷоя бо вакилони ҷамоатӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд.
Ихчам ва хамхароҷот гузаштани тӯйҳо ба ҷавонон низ вобаста аст. Дар ин самт Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳамкории ташкилотҳои ҷамоатӣ байни ҷавонон корҳои таъсирноки фаҳмондадиҳӣ барад, мувофиқи мақсад мебошад.
Боз як масъалаи ташвишовари тӯйи никоҳ мошинҳои қатори арӯсу домод ва дӯстони онҳост. Ин мошинҳои тамғаҳои гуногун ба ҳаракати воситаҳои дигари нақлиёт халал расонида, ба воқеаҳои нохуш сабаб мешавад.
Ба исрофкориву дабдабаи тӯйҳои имрӯза танҳо як-ду нафарро гунаҳкор шуморидан хатост. Ҳар рӯз тӯй шавад, аммо барои пешгирии ин ҳолат бояд ҳамаамон якҷоя ҳаракат намоем. Худамон ба дигарон намуна шавем.

Баҳодур ШАРОФОВ,
Зебинисо ШОДИЕВА, депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд


Дата добавления: 17/11/2017 11:23;   Просмотров: 1288
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку