Дусад сол пеш аз ин дар Самарқанд марде бо номи Халифа Ҳасани тоҷик писари Муҳаммад Латиф пас аз хатми мадрасаи Бухоро 37-сол дар Маккаву Мадина, Боку ва дар Қафқози Шимолӣ сайру саёҳат карда, озими Самарқанди бостонӣ мешавад.
Ин маводро аз китоби яке аз сайёҳи рус Н.А.Арадаренко, ки он соли 1889-и мелодӣ бо номи “Сайри Варзруд” китобе навиштаасту он дар Санкт-Петербург ба нашр расидааст, дарёфтам.
Ҷолибияти ин китоб дар он аст, ки сайёҳи рус он чи бо чашмони худ дидааст ва бевосита бо ҳамроҳон ва ҳамдиёрони Ҳанифа Ҳасани тоҷик аз наздик ошно гардиадааст, шунида нақл мекунад.
Аз ин китоб барои мо самарқандиён он қисме ҷолибтар аст, ки дар асри XVIII бори аввал пас аз вайрониҳои шаҳру деҳот дар натиҷаи тохтутозҳои қабилавии аскарони Шайбонихон ниҳоят дар сари ҳокимият омадани сулолаи Манғитиён Самарқанд рӯй ба ободӣ мениҳад. Дар ин давра кишвари азизамон андаке рӯй ба рушду ривоҷ оғоз мекунад. Амирони Манғития, хусусан Амир Ҳайдар ва Амир Шоҳмурод дар Самарқанд бисёр корҳои ободониро иҷро мекунанд.
Чи тавре ки Н.А.Арадаренко дар китобаш нақл мекунад: “Халифа Ҳасан то синни 20-солагӣ дар зодгоҳаш Қаротегин (Рашт) мактабу мадорисро хатм карда ба дараҷаи “имом” ва “хатиб”-ӣ мерасад. Вале, ӯ барои идома додани таҳсили худ рӯй ҷониби Маккаву Мадина мениҳад. Ӯ сари роҳи сафар аввало ба Бухоро меояд. Дар Бухоро мударрис ва пири бузурги онвақта Амир Муҳаммади Раҳим (Имю) ба ақлу донишу заковати ӯ қоил гардида, ба яке аз мадрасаҳои Бухоро мударрис шуданашро таклиф мекунад. Вале, ӯ худро ба камтаринӣ ваҷҳ дода, ҳоло ба дараҷаи мударрис нарасиданашро пеша карда, аз пир барои идомаи таҳсили дониш ба Макка рафтанашро хоҳиш мекунад. Пас аз иҷозати пир ӯ ба роҳи Афғонистону Эрон (форс) сафари худро идома медиҳад. Дар роҳ ӯ бо ҳар гуна пиру устодҳо сӯҳбат карда, дониши худро такмил дода, ниҳоят дар севу ним сол ба Макка ворид мегардад. Ӯ дар Макка ҳамагӣ 11 сол таҳсил гирифта, нисбат ба ҳамсабақон хеле пеш меравад. Рӯзе Саид Қосим ном мударриси калони Макка ба ӯ роҳхат дода, иҷозат ба ватанаш бозгашта ба мадрасаҳои ватанаш мударрисӣ караданашро бо хати иршод медиҳад. Ҳасани тоҷик хати иршоди уламои Маккаро гирифта, ба ватан баргаштанро иродат мекунад. Аммо шарикдарсаш Муҳаммад Солеҳи тотор илтимос мекунад, ки ҳамроҳи ӯ дар ватани тотор биравад. Бинобар таклифи дӯсташ ӯ бо роҳи Боку ба Қафқози Шимолӣ меояд. Соли 1740-41 ӯ ба Астрахан меояд. Пас аз муддате тоторон мударрисӣ кардани ӯро дар мадрасаи уезди Буғуруслонии губернияи Самара илтимос мекунанд. Ӯ бо талаби аҳли мусулмонони он ҷо 4,5 сол мударрисӣ мекунад. Ниҳоят ӯ пас аз 18 соли мусофират ба ватанаш Самарқанд – Варзруд бармегардад. Бояд гуфт, ки дар он замон Фалғару Мастчоҳу Панҷакент то сарзаминҳои Ғарм ба вилояти Самар-қанд тобеъ буд. Роҳи наздиктарин аз болокӯҳҳои Фалғару Мастчоҳу Панҷакент буд.
Т.ИСКАНДАРӢ, шарқшинос
(Давом дорад)
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.