Имрӯзҳо дар пахтазорони ноҳияҳои вилоятамон ҷамъоварии “тиллои сафед” бо авҷ давом дорад. Дар ҳудуди Гӯзалкенти ноҳияи Пастдарғам барои беталаф боло намудани хирмани пахта, ки яке аз унсурҳои асосии боигарии миллии ватанамон ба ҳисоб меравад, шахсони зиёде аз маҳаллаҳои ноҳияамон ба ҳашари пахтачинӣ иштирок менамоянд.
Меҳнаткашон аҳд намудаанд, ки пахтаро то кӯраки охирин чида, ба давлат супоранд ва он чун ашёи хом дар саноати ҷумҳурияти соҳибистиқлоламон истифода шавад. Ба қавли Муҳиддин Аминзода:
Мағзи ин кӯрак бувад аз шираҳои меҳнатам,
Дар ҳамин сандуқчаи сарбаста бошад давлатам.
Бесабаб набвад, ки ӯро хумчаи зар гуфтаам,
Гавҳарашро аз ҳама қиматбаҳотар гуфтаам.
Ман намемонам, ки ин давлат бигардад поймол,
Аз ҳуҷуми беамони барфу борону шамол.
Кас магар ҳамёни зар дар барфу борон мениҳад,
Дидаву дониста ё бар дасти дуздон медиҳад...
Бигзор, ба хирмани пахта баракот ато намояд!
О.ХИЗРӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.