Ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос, ширин ва ҳалкунандаи умри инсон аст. Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, дар оянла натиҷа ва самараи худро хоҳад овард.
Ҳукумати Ӯзбекистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Имрӯз дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои рушду ояндаи ҷомеаи ҷавон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии осоишта шароит муҳайё гардид. Сохтани садҳо иншоотҳои хурду бузург барои муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои муосир ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ гувоҳи аз ҷониби Президенти мамлакат дастгирӣ ёфтан ва рушд кардани нерӯи зеҳниву фикрии ҷавон ба шумор меравад. Натиҷаи ин ҳамадастгириҳо ва ободкориҳо ин буд, ки олимони мо дар арсаи байналмилалӣ бо ҷойизаву диплом ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гашта истодаанд.
Соҳаи варзиш низ имрӯз дар Ӯзбекистон хеле пеш рафтааст. Дар ин самт низ ҳукумат дар тамоми гӯшаву канори диёри азизамон толору майдонҳои варзишӣ, иншоотҳои замонавӣ ва имкониятҳои нав ба навро барои рушди соҳа таъмин намудааст. Ин буд, ки варзишгарон ҳунари волои худро нишон дода, парчами давлатамонро дар байни дигар давлатҳо боло мебардоранд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми қувваю нерӯи зеҳнии худамонро баҳри созандагиву ободкорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим дар ҷомеа равона намуда, талош намоем, ки Ӯзбекистон дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад. Дар ин самт бошад,танҳо ҷавонони оқилу донишманду дурандеш кодир хастанд, ки дар амалӣ шудани ин хадафҳои наҳиб сахми арзандаи худро гузоранд. Пас мо ҷавононро мебояд, дар баробари омӯхтани илму дониш, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии мамлакатро дар дилу дидаи худ ва ҳамсолонамон ҷой диҳем.
Фарзона ҲАМИДОВА, роҳбари маҳфили
"Журналист ва нотиқи наврас"- и
Мактаби "Баркамол авлод"
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.