Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ КАМОЛИ ТАРБИЯТ ОДАМ ШАВАД…

Шахси боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона, пешвою баландҳиммат ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд. Шахси боадаб дар ҳама ҷо соҳибиззат аст. Адаб аст, ки инсони бузургро аз пастинатон, нокасонро аз хирадмандон ва аблаҳонро аз фозилону донишмандон тафовут мебахшад. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшанӣ мебахшад, ки касеро сазовор гардида, ҷомеаро солиму намунаи ибрат мегадонад.

Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб,
Беадаб, беилм, беқадр аст, ин набвад аҷаб.
Барҳақ, инсонро танҳо одоби бузург соҳибдавлат мегардонад, инсонро танҳо ахлоқи покиза инсон созад. Касе, ки маҳрум аз эҳсоси ахлоқист, ба шумори инсон наояд. Ба қавли дигар:
Одамизод агар ки беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.
Инсони асил ҳамеша дар он мекӯшад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз ҳама эҳтиром намоянд. Инсонро дар ҳаёт дар ҳамаи лаҳзаҳо одоби накӯ, сухани ботамкин ва меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ аз бузургтарин хислатҳои наҷиби инсонианд.
Шахси дорои одобу маърифат ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дар намемонад.Адаб дар анҷуман шамъест фурӯзон, ки далели покизагии мост. Адаб дараҷаи баланди маърифатнокии касро нишон медиҳад.
Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки атрофиён ва фарзандони худро дар рӯҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпараст ба камол бирасанд, то ояндаи ҷомеаи солим гарданд:
Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
В-аз камоли тарбият одам шавад.
Имрӯз, ки насли наврас аксарият дорои хулқу атвори накӯ нестанд, аз бузургтарин ҷавҳар - одоби накӯ натавонанд буд, ки нуқсони бузурги ҷомеаи солим ин аст. Ингуна касон дар тарбияи оилавӣ ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд.
Падари оқил ва фозилам Саъдӣ Ёқубзодаи Самарқандӣ доимо таъкид менамуданд:
Биё, эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,
Чу нуре равшанорои муҳит дар ҳар нафас бошем.
Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,
Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.
Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарист, ки касро шӯҳратёр мегардонад.

Ӯлмас Саъдӣ ЁҚУБЗОДА,
маҳаллаи Андиҷонӣ


Дата добавления: 23/11/2018 15:44;   Просмотров: 1020
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку