Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ КАНОРИ РЎДИ ДАРҒАМ ТО ДАШТИОБОД

Мардуми маҳаллаи Даштиобод (то соли гузашта деҳа номи Даштисўхтаро дошт) асосан бо деҳқониву боғбонӣ, токпарвариву чорводорӣ машғуланд. Таърихи кишлоқи мазкур ба зиёда аз ҳазорсолаҳо меравад. Номи он аз рўи манбаъҳо аввал Дашти Суғд буду бо гузашти айём ва табадуллоти забону замон номи Дашти сўхтаро гирифта буд.

Халқи заҳматписанду меҳнатқарин ва табиатан хоксори ин маҳал аз қадим барои ободии ҷои зисти худ кўшиши зиёде ба харҷ медоданд. Агарчӣ аз шафати маҳалла рўди пуроби Дарғам ҷорист, бо оби зироативу ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ кори осон набуд. Ҳоло бошад, маҳаллаи Даштиобод оҳиста-оҳиста ба ободии ҳақиқӣ рўй мениҳад. Инак, як сол боз маҳалларо марди фидоии халқу ватан, собиқадори соҳаи сўхторнишонӣ, полковники мустаъфӣ Бурҳон Раҳмонов сарварӣ менамояд. Ў пештар низ аъзои шўрои маҳалла буд. Барои ободии он муносибати гарму самимӣ дошт. Медид, ки чӣ гуна сарварони пешини Даштисўхта муаллими муаллимон Мавлонқул Болтаев, саркори деҳқонон Раббим Истам­қулов (Равонашон шод бод!) заҳматҳо мекашиданд. Бо таку дав ва ташаббускории Хўҷақул Норқулов, Бахтиёр Болтаев, Қиём Қаюмов, Масъуд Вафоев, Мирғиёс Луқмонов Дашти сўхта ба Дашти обод мубаддал мегардид.

Вақте ки Бурҳон Раҳмоновро раиси маҳалла интихоб намуданд, ў ба пеши худ чанд нақшаҳои асосиро гузошт, ки яке аз онҳо дар муддати кўтоҳ ба охир расонидани сохтмони маркази маҳалла буд. Зеро аҳли хештаншиносону ташаббускорони маҳалла ҳанўз дар даврони раҳбарии Маъсуд Вафоев собиқ мағозаи "Матлуботсавдо" - "Янгийул"-ро харида, асоси маркази навро гузошта буданд. Бо ҳиммати Мирмақсуд Ҳусейнов, Самандар Баротов, Ҳоҷӣ Ҳомид Толибов ва фарзандони ў, Комил Маҷидов, Сўҳроб Азизов ва дигарон, заҳмати устоҳои пурҳунар Фазлиддин Норқулов, Ўктам Норқулов, бародарон Шариф ва Шералӣ Ғаниевҳо, Муҳиддин Шамсиев, Тўра Бақоев, Мелик Шукуров, Ваҳҳоб Асламов, Шаҳобиддин Асламов, Икром Норов, Мақсуд Рофеев ва дигарон сохтмони маркази маҳалла ва саҳни зебои он босифат ба охир расид. Барои бунёди ин бинои зебо ҷонишини раис доир ба масъалаҳои ҷавонон Мирфурқат Маъруфов, ки доимо дар паҳлўи раиси маҳалла аст, сазовори таҳсин мебошад. Инчунин, дар ҳамин даври худи роҳбарии Бурҳон Раҳмонов масъалаи оби нўшокӣ ба хубӣ ҳал шуд. Ҳоло даштиободиён барои гузаронидани хатти партов (канализатсия) ва равону зебо намудани кўчаҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд. Ҷонишин­ҳои раиси маҳалла Зайнаб Бобоқуловаи соҳибтаҷриба ва Райҳона Собироваи кордон муносибати гарми худро аз халқи корафтода дареғ намедоранд. Инчунин, сардори гузару кўчаҳои Даштиобод Бахтиёр Болтаев, Шокир Меликов, Қиём Қаюмов, Ҷонон Вафоев, Миршароф Луқмонов, Воҳид Асламов, Наҷмӣ Ўлмасов, Сайфӣ Зоиров, Аббос Ҳамдамов, Солеҳ Эҳсонов, Комил Каримов ва дигарон ҳар пораи хоки ватанро муқаддас дониста, барои ободии он мекўшанд. Пирони Даштиобод, ки аҳли маъниву маърифатанд, аз ҷумлаи Абдурафиқ Салимов, Умарқул Болтаев, Додарой Ҷўраева, Ҳазрат Ёқубов, Ҳайдарқул Болтаев, Умедқул Болтаев, Маҳмуд Вафоев, Даврон Истамқулов, Раҷаб Тоҷиев, Насим Тоҷиев, Алишер Умаров, Мусулмонқул Ҷалилов, Соро Асламова, Тоҳир Шарипов, Мурод Тошпўлодов ва дигарон дасти дуо мебардоранд, ки зодгоҳашон аз ин ҳам ободу зеботар гардад ва сарвари он хаста набошад.

Д.НАСИМӢ

Аксбардор Б.ҚОДИРОВ


Последнее редактирование: 17/07/2020 11:02;   Просмотров: 690
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку