Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ КӮЙИ ОРИФОН ТО ӮРТАШИҚ

Маҳаллаи Ӯрташиқ пас аз маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ чун дарвозаи ноҳияи мо хизмат мекунад.

Зеро қитъае дар ду ҷониби роҳи асосӣ - аз мазористони бостонии Хоҷа Кафшер то лаби наҳри Дарғам ба ҳисоби маҳаллаи Ӯрташиқ аст.
Замоне аз ин шоҳроҳ Зайниддин Восифӣ гузаштааст. Чӣ тавре, ки муаллифи «Самарқанднома», адиб, олим ва бостоншинос Расулхон Ҳодизода менигорад, қисмате аз мазори файзосори Хоҷа Кафшер то Масҷиди Такя бо номи Кӯи Орифон машҳур бeдааст.
Дар ҳамсоягии ҳамдигар ҷой гирифтани ду маҳали озодандешон бо номҳои Кӯи Орифон (Ӯрташиқ) ва Кӯи Сахо (Кӯcаҳо) шояд аз ҳақиқати таърихӣ дур набошад! Аз ин рӯ, Ӯрташиқро Ӯрта Шайх, Ӯрдаи Шайх ном бурдан он қадар гӯшнавоз нест. Кӯи Орифон аст ин ҷо. Дар қатори мардуми орифаш адиби тавоно, қадимшиноси зукко ва шоири озодбаён Адаш Истад низ ҷой дорад, ки аз боби таърихи зодгоҳаш андешаҳои раднопазире дорад. Боз фарзандони ин маҳал шоири омӯзгор, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шодравон Бердӣ Ҳамроҳ, бузургмарди саҳнаи адабиёту маънавиёт ва сиёсат, шоир, публисисти номӣ Нормурод Каримзода дар васфи зодгоҳи худ гуфтаниҳои зиёде доранд!
Мактаби рақами 16-и ноҳияро, ки ҳоло дар қаламрави маҳаллаи Ӯрташиқ ҷой дорад, Ошёни оқилон андар Кӯи Орифон ном бурдан равост. Ин дабиристонро соле садҳо нафар фарзандони Ӯрташиқу Кӯисахо ва деҳаҳои атроф хатм намуда, даҳҳо нафар аз он фориғуттаҳсилон соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунари воло гардидаанд. Зеро то солҳои 1990-уми қарни гузашта, мактаби рақами 16 дар Ҷамоати шаҳрвандони (селсовет) Оҳалик ва Улуғбек мактаби асосӣ ҳисоб меёфт. Ва бачагон пас аз хатми синфи 8-уми мактаби деҳаи худ ба мактаби 16 омада, маълумоти пурраи умумиро соҳиб мешуданд. Ин ҷо номҳои адибу олимон Шодон Ҳаниф, Хуршед Қамар, Маъруф Исроилов, Хуррам Барака, Ҳаёт Неъмат, Адаш Истад, Ҳамроқул Шодиқулов, Аҳмадҷон Солеев, Зоҳир Ҳасанзода, Нормурод Каримзода, Мирсафо Камолӣ ва дигаронро ба хотир овардан месазад.
Ӯрташиқ, ки дар сари роҳи калон қад кашидааст, ободиву озодагии он доимо дар ҷои аввал қарор мегирад. Бояд маҳалла аз ҳар ҷиҳат намунаи деҳаҳои атроф бошад. Аз ин рӯ, барои сарсабзиву хуррамӣ ва аҳлии Ӯрташиқ ва ӯрташиқиён сарварони маҳалла доимо ҷавобгаранд.
Дар солҳои охир вазифаи раисии кумитаи маҳалларо Маҳмадқул Султонмуродов, Асрор Нарзуллоев, Шодмон Азизов бар ӯҳда доштанд.
Ҳоло қариб як сол боз ин бори пурмасъул ва шарафнок бар зиммаи устои пурҳунар Шавкат Солеев вогузошта шудааст.
Ӯ низ анъанаҳои аминони пешинаро давом дода, инспектори профилактикавии қитъа бо Орзу Исмоилов диққати асосиро ба пешгирии ҷиноятҳо, тарбияи насли солим, ободонӣ ва бунёдкорӣ равона кардааст.
Дар бадали қариб як сол боми масҷиди куҳан тамоман дигар карда шуд. Маркази маънавияти гузари Ӯрташиқи дуввум соҳиби айвони26 метра гардид ва сақфи он бо плитаҳои бетонӣ оро ёфт. Дар қабристони Хоҷа Кафшер гулхонаҳои нав бунёд шуда, зиёда аз 1 гектар қабрҳои садсола ҳамвор гардид. Маркази маҳалла таъмир ёфта, ба ободӣ рӯ овард. Мардум ба ҳашари ҷӯйкобӣ баромада, қисми ӯрташиқии Ҷӯйи шаҳрро аз партову лойқаҳо обод сохтанд.
Барои ободонии Ӯрташиқ ба раиси он Шавкат Солеев шаҳрвандони фаъол Акобир Зокиров, Эркин Абдуллоев, Ҳоҷӣ Абдурауф Раҷабов, Усто Ҷаноб Маҳмудов ва дигарон аз наздик ёрмандӣ мекунанд.
Ба осоиштагии маҳалла пиру барно баробар ҷавобгаранд. Ҳоло дар Ӯрташиқ нақшаҳо зиёд аст ва бошад, ки он самарабахш иҷро гардад.

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 13/07/2018 15:22;   Просмотров: 1159
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку