Соҳиба Муҳиддинова зиёда аз 30 соли умри худро баҳри таълиму тарбияи кӯдакон бахшид. Ҳамчун мудири муассисаи таълими томактабии рақами 15 - и ноҳияи Самарқанд фаъолият дошт. Соҳиба Муҳиддинова сокини маҳаллаи Талибарзуи поён аст. Дар ин маҳалла кӯдакистон набуд. Мардум фарзандонашонро бо азобу машаққат ба кӯдакистонҳои шаҳр ё маҳаллаҳои гирду атроф мебурданд. Муаллима азиятҳои мардумро дида, мехост, ки дар бинои кӯҳнаву фартути поликлиникаи маҳалла филиали кӯдакистони рақами 15-ро ташкил намояд. Ташаббуси ӯро ҳокими ноҳия бо хушнудӣ қабул кард.
Соҳиби Муҳиддинова соли 2017 ба нафақа баромада бошад ҳам аз раъяш нагашт. Аз имкониятҳои барои муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ фароҳамовардаи ҳукумат истифода бурд.
Соли гузашта аз банк 150 миллион сӯм кредит гирифта, ба сохтани кӯдакистон оғоз намуд. Бо кӯшишу ғайрати ин зани ташаббускор кӯдакистон бо усули замонавӣ ва таҷҳизоти нав барои 100 нафар кӯдак бунёд гардид. Ба қарибӣ кӯдакистони "Нуршод-файз" кори худро оғоз намуд.
- Дар муассисаи таълими томактабӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро ташкил кардем. Аз моҳи феврал маҳфилҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва гимнастика фаъолият оғоз намуд.. Бинои кӯдакистонамон гарм, шароити корӣ хуб ва кӯдакон бо ғизоҳои фоидаовару пурқувват таъминанд, - мегӯяд мудири муассисаи навтаъсиси хусусии "Нуршод-файз" Соҳиба Муҳиддинова.
Дар кӯдакистон ҳафт нафар занҳои маҳалла фаъолият доранд. Аз онҳо чор нафарашон соҳиби маълумоти олиянд. Кӯдакистон дар асоси барномаи "Қадами нахустин" корбарӣ менамояд. Ба кӯдакистон аз маҳаллаҳои Равонак, Қӯлбаи поён, Мӯлиён, Оқмасҷид ва дигар ҷойҳо низ кӯдакон меоянд.
- Набераи сесолаам дар ин боғча таълиму тарбия мегирад, - гуфт сокини маҳаллаи Талибарзуи боло Барно Оқилова. - Аллакай аксар калимаҳои забони русиву англисиро аз худ кардааст. Хотирҷамъ ҳастам, ки набераам аз соати ҳашт то панҷи бегоҳ баробари дар хонаи гарму хушҳаво будан хӯроки болаззат тановул карда, таълиму тарбия мегирад.
Малика ҶУМЪАЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.