Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Аз таърихи иди бонувон

Рӯзи 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд.

Он вақтҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.

* * *

Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст. Вай гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳӣ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуҳуқӣ эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19-уми марти соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо 12-уми май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12-уми март, дар Австрия,Чехия, Венгрия, Швейсария, Ҳоланд – 9-уми март, дар Фаронса ва Русия – 2-юми март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе буд. Ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор гирифт.

* * *

Дар Русия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста-оҳиста Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ эълон гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оиди сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.

* * *

Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 1960-ум Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон ҷашн мегиранд.

Фарзона ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 08/03/2017 10:17;   Просмотров: 1609
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку