Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ ЗАРРИ ПАДАР ҲУНАР БЕҲ

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ!

Ҳар гоҳ Тоҳирамак ба кор шитоб мекард, писарҳояш Фарҳодҷону Фир-давсҷон доду фиғон мебардоштанд, ки онҳоро низ ҳамроҳ гирад. Ҳамсараш Рамзия Ибодуллаева кӯшиш ба харҷ медод, ки бо ҳар роҳ фарзандонро андармон созад, вале писарчаҳо якравӣ мекарданд. Охир барои онҳо дар дӯкони падари бузургвор тамошои нусхаҳои гуногуни телевизор, радио, магнитофон ҳаловат мебахшад. Тоҳирамак ноилоҷ онҳоро ҳамроҳ гирифт. Рости гап, аввалҳо Фарҳодҷону Фирдавсҷон бо қисмҳои гуногуни радио-телевизор бозӣ мекарданд. Дертар ба кори қиблагоҳ зеҳн монда ҳайрон мешуданд, ки дастгоҳҳои телевизор, радио, ки мизоҷон барои “табобат” меоварданд, аз дасти сабуки падарашон “сиҳат” ёфта ба соҳибашон хурсандӣ мебахшад. Воқеан, Тоҳир Ҳалимов дар ноҳияи Самарқанд устои гулдаст ҳисоб меёфт. Вай бо гузашти айём касби худро ғайр аз шогирдони бешумор ба фарзандон омӯзонд.

Ҳоло Тоҳир Ҳалимов дар нафақа буда, гашти пирӣ меронад. Кори ӯро писарҳо – Фарҳод-ҷону Фирдавсҷон идома медиҳанд. Онҳо устои таъмиргоҳи аппаратураҳои радио-телевизиони “Оинаи нилгун”-и деҳаи Ӯрташайх мебошанд.

Боиси фахр аст, ки мизоҷони (клиентҳои) ӯ на танҳо аз ноҳия, инчунин шаҳри Самарқанд, но-ҳияҳои Ургут, Нуробод ва дигар гӯшаю канори вилоят ҳастанд. Ҳар ду додарони ҳунарманд, ки тарбияи падари бузургвору модари муқаддасро гирифтанд, некӣ кардан, дил ба даст овардан, аҳду вафо, хоксорию росткорӣ хислати онҳо аст. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зуд ҳоҷати мизоҷонро бароранд.

Чанде пеш мо дар устохонаи онҳо бо муаммои худ ҳозир будем. Фарҳодҷону Фирдавсҷон ҳар як корафтодаро бо чеҳраи кушод ва лабҳои пурханда пешвоз гирифта, арзу талаби онҳоро гӯш мекарданд. Ширингуфторӣ ва ширинрафтории ин ҷавонони дилёбу дарёдилро дида кас ба ваҷд меомад.

- Ман аз деҳаи Оҳалик,-гуфт яке аз ҳозирон, ки Ҷамшедҷон ном доштааст,-устобачаҳо инсонҳои аҷоиб, хоксор. Кош баъзеҳо аз инҳо ибрат мегирифтанд. Агар мақола нависед, миннатдории корафтодагонро қайд карда гузаред.

Чунин арзи сипосро аз дигарон низ шунидем.

–Раҳмат ба Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев, ки барои ривоҷ додан ва дастгирии тадбиркорон шаро-итҳои хуб фароҳам оварда шудааст,-мегӯяд Фарҳодҷон,-мо аз имтиёзҳои муфид пурсамарона истифода бурда ба халқ хизмат мекунем.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки аз зарри падар ҳунар беҳтар будааст. Бояд гуфт, ки дар устохонаи мазкур Хушвақт Азизов, Раҳматҷон Мирзоев, Ризвон Ҳалимов ва дигарон низ ба мардум хизмати беминнат мерасонанд.

Баҳодури ЗОҲИР

Дар акс: бародарон Фарҳодҷону Фирдавс-ҷон ҳангоми кор


Дата добавления: 17/02/2017 10:03;   Просмотров: 1541
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку