Имрӯз нашъамандӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор зиёд майл кардани ҷавонон мебошад. Нашъаҷаллобон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб мекунанд ва тавассути онҳо маводи нашъадорро ба ҷомеаи ҷаҳон паҳн карда, ин ҷомеаро заҳролуд сохта истодаанд, ки ҳалли ин масъала ҳам яке аз муаммо ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Маводи мухаддир моддаи психоактивии хавфнок мебошад, ки истеъмоли он қобилияти солиман қабул кардани ҳодисаю воқеият, солим фикр кардан ва қарорҳои дуруст қабул кардани ҳар як шахсро ба куллӣ тағйир медиҳад. Истеъмоли маводи мухаддир хатари гирифторшавӣ ба сактаи дил, заҳролудшавӣ, сирояти бемориҳои ниҳоят хавфнок ва осеби майнаи сарро ба вуҷуд меорад. Маводи мухаддир шуури одамро вайрон карда, ӯро ба олами ҷиноӣ гирифтор месозад ва оқибат ба қонунвайронкунӣ тела медиҳад.
Мувофиқи тадқиқоти мутахассисон, ду намуди нашъамандӣ вуҷуд дорад: ҷисмонӣ ва равонӣ. Ҷисмонӣ - ин одат кардан ба маводи мухаддир ва оқибат пайдо шудани аломатҳои шикасти ҷисм, яъне дарди ҷонкоҳ аст, ки бе набудани миқдори ин маводи сахттаъсир сӯзиши устухонҳо ва дарди сахти сар ба вуҷуд меояд. Нашъамандии руҳонӣ баъди моҳҳо ё солҳо инсонро боз ба истеъмоли ин маводи сахттаъсир маҷбур месозад. Яъне он нашъамандии психологиест, ки дар сатҳи фикр, эҳсосот ва рафтор пайдо мешавад.
Ҳамарӯза дар кураи замин он ҷиноятҳое, ки ба нашъа алоқаманданд, тақдири ҳазорҳоро вайрон ва умри садҳо ҷавонону миёнасолонро кӯтоҳ мекунанд. Тариқи агентиҳо ва шабакаҳои итилоотӣ мебинему мешунавем ва шоҳиди он мегардем, ки ин мавод на барои кайфият, балки заҳри қотилест барои нобуд сохтани инсоният.
Табақаи аз ҳама заиф наврасон мебошанд, чунки оид ба хавфнокӣ ва зарари нашъа кам медонанд, ё умуман намедонанд ва зери таъсири «шағолон» (нашъафурӯшон) монда, бо фиребу найранги онҳо ба ин ҷода ба зудӣ ҷалб карда мешаванд.
Бо ҳамин, ба кулли ҷавонону наврасон гуфтаниам, ки ҳамеша дар хотир гиред, шумо на барои он зиндагӣ мекунед, ки тақдири худ ё ҳаёти наздиконатонро зери хавфу хатар монед. Шумо на барои он ба дунё омадаед, ки ин «шағолон»-ро сарватманд кунед, балки ба манфиати шахсии худатон ҷаҳду кӯшиш намоед.
Инсон шахсияти нотакрорест, ки бо ақлу ҳуш ва заковаташ аз ҳайвон бартарӣ дорад. Афсӯс, дар шароити кунунӣ дар ҷомеаи ҷаҳон инсонҳои маккору ҳайвонсифате ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита ҷавонони сустиродаю бефаҳмро ба гумроҳӣ тела дода, аз манфиати онҳо ба буҷети худ пули муфт ворид месозанд. Ҳар яки мову шумо аз даврони наврасӣ дар дил орзуеро мепарварем ва бояд кӯшиш кунем, ки дар оянда ба орзуҳои неки худ расем.
Бояд ақли солимро кор фармоем, то ба фиребу дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои нашъаҷаллобию экстремистӣ наафтем.
Ф.АҲМЕДОВ,
ҷонишини аввали сардори шӯъбаи
корҳои дохилии ноҳия, подполковник
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.