Дар мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд дар доираи аксияи «Самарқандро гулпӯш мекунем: 1+10» тадбири «Ҳар хонанда соҳиби гул бошад» баргузор гардид.
Тадбирро омӯзгори тоифаи олии фанни биологияи мактаб Гулҷаҳон Тошпӯлодова кушод. Таъсисгари Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ - Муқимҷон Орифӣ ба ҷамъомадагон дар бораи тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳтаргардонии ҳолати экологӣ, парвариш ва зиёднамоии гулҳо, муносибати инсон бо табиат маслиҳатҳои муфид дод. Ба хонандагон 860 адад қаламча, парварда ва тухми гулҳои хонагии геран. сансевера, сипурес, ки дар «Боғи Гулханӣ» парвариш ёфтааст, тӯҳфа карда шуд.
Хонандагон азм намуданд, ки гулҳои тӯҳфакардаро парвариш намуда, шумораи онҳоро зиёд менамоянд ва ба дигарон армуғон месозанд.
Таъкид гардид, ки хонандагони фаъоли гулпарвар дар арафаи иди Наврӯз аз тарафи маъмурияти мактаб ва Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ рағбатнок мегарданд.
Мувофиқи талаби ҳаракати мазкур хатмкунандагони мактаб дар тадбири «Занги охирин» ба хонандагони синфи якум тубаки гули парвардаашонро тӯҳфа мекунанд.
Малика ҶУМЪАЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.