Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БА ҲАЛЛИ МУАММО МЕКӮШЕМ

Санобар МИРСАИДОВА - депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Даштак-48

Суолнома:
1. Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии шумо барои ривоҷи тадбиркорӣ чӣ хел имкониятҳо вуҷуд дорад ва аз онҳо чӣ гуна фоида гирифтан мумкин?
2. Доир ба Барномаи сол дар ҳудуд чӣ гуна лойиҳаҳо амалӣ мегарданд? Ва иштироки шумо дар он.
3. Аз аввали сол чанд пурсиши депутатӣ ба иҷро расонида шуд? Ба гурӯҳи депутатӣ ва комиссияҳои доимӣ бо чи гуна таклифҳо муроҷиат кардед?

1. Алҳол бо фаъолони маҳаллаҳо барои таъмини шуғли аҳолӣ ва бартарафсозии камбағалӣ ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намуда, байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ мебарем. Барои истифода аз замини наздиҳавлигӣ (томорқа), ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркорӣ ба аҳолӣ маслиҳатҳо медиҳем.
2. Дар асоси Барномаи давлатӣ кор мебарем. Таклиф ва муносибати хешро нисбати лойиҳаи 3 қонун ва 11 қарори ҳукумат пешниҳод намудам. Барои дар байни аҳолӣ тарғибнамоии онҳо саҳм мегузорам. Аз рӯйи фаъолияти депутатиам дар воситаҳои ахбори оммавии маҳалливу марказӣ ва сайтҳои интернет 36 маротиба баромад кардам. Инчунин, дар даври пандимеяи коронавирус якҷоя бо маркази дастгирии оилаҳои камбизоат силсилаи корҳои хайриявиро амалӣ намудам. Ҳамчун намояндаи халқ дар ҳавзаи интихоботиам оилаҳои ниёзмандро ба рӯйихат гирифтам. Сари вақт ба манзил расидани маҳсулоти хӯроквории аз ҷониби маркази "Саховат ва кӯмак" додашударо назорат менамоям.
3. Дар давоми чор моҳ 25 маротиба аз рӯйи бартарафнамоии муаммои аҳолӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ ташкил намудам. Инчунин, 44 муроҷиати шахсони ҷисмонию юридикиро қабул кардам. Аз рӯйи 4 муаммо ба ташкилотҳои дахлдор пурсиши депутатӣ равона сохта, ҳал намудам. 21 муаммо ба тарзи даҳонӣ дар ҷояш ҳалли худро ёфт ва 23 муамморо бо тарзи тавсия ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бартараф намудам.


Дата добавления: 12/06/2020 16:15;   Просмотров: 747
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку