ё худ муаммои донишҷӯёни фарзанддор
Нозанин писарчаи чаҳормоҳаашро дар гаҳвора баст. Духтарчаи дусолааш низ мехост бо модар бихобад. Нозанин ӯро ба оғӯш гирифту бо як даст гаҳвораро ҷунбонда, бо дасти дигараш сари духтарчаашро сила карда ӯро хобонд. Тамоми рӯз мехост китобҳои даркориро хонда, ба имтиҳон тайёрӣ бинад, вале вақт наёфт. Гӯё қасд карда бошанд, фарзандонаш бо навбат либосашонро ифлос карданд. Бар замми ин ба хонаашон меҳмон омад. Ҳоло ӯ фарзандонашро хобонда, дар равшании чароғи рӯйимизӣ дафтару китоб-ҳояшро аз назар мегузаронад. Вале хоб ғалаба мекунад. Нозанин пай бурд, ки ҳоло дарс тайёр карда наметавонад. “Андак дам гирам, баъд китоб мехонам” аз дил гузаронд вай. Барои он, ки хобаш сахт набарад, рӯйи кӯрпача дароз кашид. Хаёлаш бо имтиҳони дарпешистода банд буд. Гаҳвораи писарчаашро, ки борҳо гиря карда, аз хоб бедор шуд, ҷунбонд. Баҳузур хоб карда натавонист.
- Келин, ҳӯ келин, - аз паси тиреза садо баровард модаршӯяш. – Хезед, ба мактаб дер мемонед.
Нозанин саросема ба соат нигарист. Ба саршавии имтиҳон якуним соат вақт мондааст. Ӯ берун баромада, ҳавлиро рӯфтурӯб намуданӣ буд, ки писарчааш гиря кард. Нозанин фарзандашро аз гаҳвора гирифта, хӯрок дод. Ин вақт духтараш ҳам аз хоб хест. Нозанин либоси бачаҳоро иваз намуда, писарашро ба дасти модаршӯяш дод.
- Ман имрӯз ба бачаҳоятон нигоҳ карда наметавонам, - гуфт модаршӯ. – Хоҳарам ба беморхона будааст, наздаш меравам. Шумо набераҳоямро ба хонаи модаратон баред ё хоҳаратонро гӯед, ба хона ояд.
Нозанин аз телефони дастии модарашӯ, ба хоҳараш занг зад, касе ҷавоб надод. Ҳатто хӯрок нахӯрда, либоси бачаҳо ва асбоби хонишашро гирифта ба хонаи модараш рафт. Дар кӯча ба зудӣ автобус наомад. Ҷайбашро кофт, ки барои киро кардани таксӣ пулаш намерасад. Пас аз интизории зиёд автобус омад. Бо фарзандонаш ба автобуси пур аз мусофир савор шуд. Писарчааш гиря кард.
- Бачаатонро хомӯш кунед, фишори хунам баланд мешавад, - гуфт зане.
- Ба зани кӯдакдор ҷой диҳед! – аз ҳозирон хоҳиш намуд марде.
Нозанин бо азобе ба хонаи модараш расид. Дар китф сумка, дар даст ва дар бараш бача назди дарвоза карор гирифт. Онро тела дод. Дарвоза маҳкам буд.
- Модару хоҳаратон саҳарӣ ба бозор рафтанд, - гуфт ҳамсоязан.
- Янгаҷон, имрӯз имтиҳон дорам, - илтиҷоомез ба зан рӯ овард Нозанин. – Илтимос, ба бачаҳоям нигоҳ карда истед, зуд бармегардам.
- Тезтар биё, ман ба маърака меравам. – гуфт ҳамсоязан.
Нозанин фарзандонашро ба хонаи ҳамсоя гузошта, чӣ тавр додани хӯрокро фаҳмонд. Аз пасаш фарзандонаш гиря карданд. Нозанин бо хаёли парешон ба имтиҳон даромад...
Дар ҳамаи муассисаҳои таълими олӣ донишҷӯёни фарзанддор таълим мегиранд. Аксарашон кӯдаки хурдсол доранд. Ҳар рӯз муаммои ба кӣ гузошта омадани бачаҳо онҳоро азият медиҳад. Дар муассисаи таълими томактабӣ бошад, бачаҳоро аз синни дусолагӣ қабул мекунанд.
На ҳамаи модар ё модаршӯҳо барои нигоҳубини набера вақт доранд. Дар ин бора фикри шахсони гуногунро пурсон шудем:
Зироат ТУРСУНОВА, сокини маҳаллаи Равонак:
- Орзу доштам, ки ҳамсари кенҷаписарам шифокор бошад. Ба нафақа баромадам ва ба писарам донишҷӯйи Донишкадаи тиббии Самарқандро арӯсӣ намудам. Ҳоло барои хониши ӯ шароит фароҳам овардам. Ду нафар фарзандашро худам нигоҳубин мекунам. Мехоҳам, ки арӯс бисёртар хонаду дар оянда мутахассиси хуб шавад.
Дилдора РАҲМОНОВА, сокини маҳаллаи Чунгул:
- Хуб мешуд дар назди Донишгоҳ яслии бачагона ташкил карда шавад. Он гоҳ донишҷӯ фарзандашро ҳамроҳ меовард ва ба дасти шахси масъул супорида, бо хотири ҷамъ дарсашро азхуд менамуд.
Дар ин бора фикри мутахассисонро интизорем.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.