Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БА РӮЙИ ОБ ТУФ НАКУН, КИ ГУНОҲИ АЗИМ АСТ

Магар ин панди бобоӣ аз ёдҳо рафт?

БО БАҲОНАИ ҲАШАР
Имрӯзҳо бо раҳнамоии Президенти мамлакатамон ва ташаббуси ҳокимони маҳаллии вилояту ноҳия ва шаҳр ба ободии ҷӯю заҳбур ва обгурезҳо эътибори ҷудогона дода мешавад. Мардуми худогоҳи мо бо сарварии раисони маҳаллаву деҳкада ва гузарҳо барои равонии оби мусаффо андар ҷӯйҳо ҳиссагузор мегарданд. Ҳашар барпо карда, мардумро ба якдиливу ҳамфикрӣ даъват месозанд. Аниқтараш, Наврӯзро бо ободии манзилу макон ва шодобгардонии киштзору боғистонҳо пешвоз гирифтанианд. Ба ин васила ҳашар, ки қариб аз байн рафта буд, эҳё шуд. Охир, пештар бо роҳи ҳашар марказҳои деҳа, масчиду чойхонаҳо барпо мекарданд. Роҳу кӯпрукҳо месохтанд, ҷӯй меканданд, бомҳои ҳамдигарро лойандова мекарданд. Ҳоло ки ҷӯйҳои сербар ба як ҷӯякчаи хурдакак табдил ёфтааст, васеъгардонии он низ ҳашари мардумро мехост. Ҳамаи ин хуб аст, аммо...
"БАКЛАШКА" ҲАМ ЧИЗИ ХУБ...
Вақте ки ҷӯйкобӣ сар шуд, техникаҳои абарқудрати Идораи истифодабарӣ аз роҳи ноҳия ба кӯмаки ҳашарчиён шитофт. Зеро даҳҳо километр ҷӯйро танҳо бо қувваи дасти кории одамӣ обод гардонидан имконнопазир буд. То вақти ҷӯйканӣ ҳама гумон мекарданд, ки аз даруни ҷӯй садҳо халта баклашкаи холӣ мебарояд. Аммо ба он гувоҳ шудем, ки агар дар қаъри ҷӯйҳоямон танҳо баклашка мебуд, хеле хуб мешуд. Ба ҳар ҳол як зарфи даркорӣ. Аммо аз он шишаҳои холии машруботи спиртӣ, кӯллукҳои гуногунандозаи занону бачагон, ҳатто синабанду лозимиҳои дигари тагпӯшӣ мебаромад, ки қаҳру ғазаби ронандаву белзанҳоро меҷӯшонид. Дар муддати кӯтоҳ техникаҳо вайрон мешуданд. Сабаб пурсед, мегуфтанд, ки кафши тракторҳои мо то имрӯз ба ин хел чизҳои наҳсбор нарасида буд.
- Ман ҷӯйкобиро кори савоб, амали хайр, зуд тамом мешавад, гуфта оям, ҳамаи ифлосиҳо дар зери ҷӯй будааст. Аз даруни кабинаи трактор истода ҳам аз техника ҳам шарм доштам. Наъразанон гӯё гуфтанӣ мешуд, ки бинед, шумо одамҳо чӣ хел дили сахт ва рӯйи бешарм доред, - изҳор дошт Хуршед Рӯзиев.
- Аз дарахтони лаби ҷӯй, ки имрӯз барои ҷӯйкобӣ шуда, решакан мегарданд, узр пурсиданӣ ҳастам. Охир, баъзеҳо ҷӯйро бо хоку лой хурдакак карда, замини ҳавлиашонро калонтар сохтаанд. Ва дар лабаш дарахт коридаанд. Акнун он дарахтҳо маҷбуран аз байн мераванд. Тарбурию сарбурӣ гуфтаанд, - гуфт мудири шӯъбаи экология ва муҳити зисти ноҳия Ҷавоҳир Хоҷаев.
Сарварони секторҳо, ҳокими ноҳия Носир Мавлонов, прокурор Ҷавлон Санаев, сардори идораи корҳои дохилӣ Аминҷон Тошев, мудири шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оилаҳо Саид Мардонов ва масъулони дигар рӯзе даҳҳо маротиба ба сари ҷӯйҳо расида, аз вазъи кор хабардор мешуданд. Барои он ки оби ҷӯйҳо равон бошад, бо даҳҳо нафари шахсони бепарвову худписанд, ки болои ҷуйро маҳкам карда, ҳатто хонаҳои зист сохтаанд, муросо карда намешуд. Аз ҳама ҳолати бадтарин ҷӯйро ба партовгоҳи ҳаммому ташнобҳои худ қарор додаанд, ноинсофҳо!
ОБ - РӮШНОИСТ!
ХИЁНАТКОРРО БА
ТОРИКИСТОН МЕБАРАД
Вақте ки трактор аз ҷӯй хок мегирифт, ба дандонаи кафши он чизе бархӯрд. Он овоз диққати хамаро ба сӯйи худ кашид. Чун дидем, ки устухони яклухти ҷонваре аз қаъри ҷӯй боло мешуд ва фаҳмидем, ки устухони хар будааст...
Магар аз ин ҳам бадтар шуданаш мумкин? Чунин саволро ба атрофиён додам, яке гуфт, ки ман ҳамонеро медонам: ҳоҷатхонаашро ба рӯйи ҷӯй сохтааст...
Магар Худованд ин ҳама хиёнатро мебахшида бошад?Ҳамаи ин офатҳои заминиву осмоние, ки ба инсоният мерасад, оё аз ҳамин хатокориҳои мо нест?
БА ҶОИ ХУЛОСА
Аз Дарғоти Ҳазормехи таърихӣ, ки дар сарҳади маҳаллаҳои Гулбоғу Даштиобод ва Қавчинони болои ноҳия қарор дорад, панҷ ҷӯй сӯйи шаҳр равона мешавад. Ва ҳамаи он ба воситаи маҳаллаи Гулбоғ меравад. Дил мехоҳад, ки чунин ҳашар ҳар сол ҷорӣ гардад, то ки ҷӯйҳо тозаву обҳо мусаффо бошанд ва барои ободиву озодӣ, сарсабзиву ҳуррамии диёр хизмат намояд. Охир обрӯву эътибори ҷӯйҳои Самарқанд аз ҷумлаи Оби Раҳмату Оби Машҳад шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт.
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз?

Озод ҲАМИДЗОДА,
раиси маҳаллаи Гулбоғ


Последнее редактирование: 20/03/2020 10:56;   Просмотров: 860
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку